Formula novemver 2024
Барои кӯмак накардан ба комиссиариатҳо ҷавобгарӣ таъин шуд
537

Синну соли даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Федератсияи Россия боло бурда мешавад. Шуруъ аз 1 январи соли 2024 мардони аз 18 то 30-сола барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Россия даъват карда мешаванд.

Думаи Давлатии Россия Лоиҳаи Қонун дар бораи то 30 ҳазор рубл боло бурдани ҷарима барои ҳозир нашудани даъватшавандагон ба комиссариати ҳарбиро дар хониши II ва III қабул кард.

Ба ғайр аз ин, депутатҳо ҳамчунин барои ҷорӣ намудани ҷарима дар ҳаҷми то 500 ҳазор рубл барои ёрӣ нарасонидан ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳангоми мобилизатсия, то 400 ҳазор рубл боло бурдани ҳаҷми ҷарима барои ба комиссариатҳои ҳарбӣ пешниҳод накардани рӯйхати шахсони синну солашон ба даъват барои хизмати ҳарбӣ мувофиқ барои рӯйхатгирӣ ва боло бурдани синну соли даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ аз 18 то 30- солагӣ овоз доданд.

Даъватшавандагон ҳуқуқ доранд, ки ҳангоми мобилизатсия барои адои хизмат ба мӯҳлати як сол бо комиссариати ҳарбӣ шартнома банданд.

Мувофиқи тағйиротҳое, ки ба тозагӣ ворид карда шуданд, минбаъд даъватшавандагон аз лаҳзаи сабти номашон дар реестри ягона дигар ҳуқуқи тарки кардани қаламрави Федератсияи Россияро надоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД