Домуллои муҳтарам. Мехостам ба як масъала равшанӣ андозед. Нафаре, ки хона надорад ва барои соҳиби хона шудани хона як гурдаашро фурӯшад, ин амалаш аз нигоҳи шариат ҷоиз аст?
Диловар
Посухи намояндаи Раёсати фатвои ҶТ
Бародари гиромӣ. Чунин амал аз назараи дини ислом ҷоиз нест, зеро ҷисми инсон ва аъзои баданаш амонати илоҳӣ аст. Аз нигоҳи шариат фурўхтани аъзои бадан ҳаром аст ва ҳар касе, ки ин корро анҷом медиҳад, гунаҳгори азим мешавад.