Sebiston new 2024 october
Барои кӯдакашро ба боғча додан зани муҳоҷир бояд чӣ кор кунад?
17.06.2024
ОИЛА.ТҶ
815

Шавҳарам муҳоҷири меҳнатӣ аст ва се моҳ пеш ман ҳам фарзандонамро гирифта ба шаҳри Москва омадам. Мехоҳем дукаса кор карда, пули хона ҷамъ кунем, вале касе нест, ки кӯдаконамро нигоҳубин кунад. Мехоҳам донам, ки барои ба боғчаи бачагона додани кӯдак дар Россия ба куҷо муроҷиат намудан лозим аст?

МЕҲРАНГЕЗ

Посух:

- Барои ба боғчаи бачагона додани фарзанди худ шумо бояд сараввал ба Маркази бисёрфунксионалии макони қайди худ (МФЦ) ё шӯъбаи маорифи шаҳр ва ё ноҳияе, ки зиндагӣ мекунед, муроҷиат намуда, кӯдакро дар навбат гузоред. Аризаро дар шакли электронӣ тавассути “Госуслуги” низ равон кардан мумкин аст. Дар ин ҳолат кӯдакро дар навбати электронӣ мегузоранд ва баробари расидани навбат ба шумо хабарнома (уведомление) мефиристанд.

Волидонро лозим аст, ки бо ҳамин хабарнома ба боғчаи бачагонае, ки рақамаш зикр карда шудааст, муроҷиат намоянд. Сарвари боғча дар рафти сӯҳбат мефаҳмонад, ки барои қабули кӯдак кадом ҳуҷҷатҳоро овардан лозим аст. Муҳоҷироне, ки дар шаҳри Маскав кор мекунанд, метавонанд бо ёрии портали расмии мири шаҳри Маскав mos.ru. кӯдакашонро ба боғча диҳанд. Шарти асосӣ он аст, ки кӯдак бояд дар қайди шаҳри Маскав бошад. Барои қайди электронӣ тариқи портали мири шаҳри Маскав маълумотҳои зодномаи кӯдак ва суроғаи ҷойи зистро ворид намудан кифоя аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД