Sebiston new 2024 october
Барои камтар кардани стресс ва ҳаяҷони кӯдаки синфи 1 модар бояд чӣ кор кунад?
655

Ба оғози соли таҳсил рӯзҳои башумор мондаанд. Махсусан кӯдаконе, ки имсол бори аввал ба мактаб мераванд, ин шабу рӯзҳо ҳаяҷони зиёде доранд. Дар як рӯз чанд маротиба либоси мактабиашонро пӯшида, худро дар назди оина тамошо мекунанд, лавозимоти мактабиашонро чанд бор аз сумкаашон бароварда, боз меандозанд...

Албатта мактабхон шудан барои кӯдак аҷиб ва шавқовар менамояд, вале аксари хонандагони синфи 1 баъди он ки қадам ба остонаи мактаб ниҳода, ба синф даромаданд, ба стресс ва ҳаяҷони шадид гирифтор мешаванд ва ҳатто гиря мекунанд...

Барои кам кардани ҳаяҷони кӯдак ва ба ҳаёту муҳити мактабӣ одат карданаш волидон бояд чӣ кор кунанд?

Ба хотири кумак ба шумо - падару модарони азиз маслиҳатҳои нейропсихологи машҳури рус, коршиноси платформаи LogicLike Анна Давидовичро манзуратон мегардонем.

Синфи 1 - оғози зиндагии нав

Мактабхон шудан барои кӯдакон санҷиши ҷидии равонӣ ва давраи пур аз ҳаяҷон аст, чунки дар ҳаёти кӯдак давраи наве оғоз меёбад, ки қонуну қоидаҳои худро дорад. Акнун вай бояд субҳи барвақт аз хоб хезад, мехоҳад ё не наҳорӣ карда ба мактаб равад ва ба ҷойи шӯхию бозӣ чанд соат дарс хонад, баъд ба хона баргашта дарс тайёр кунад. Албатта таҳаммул кардани ҳамаи ин барои кӯдаки 7-сола осон нест ва боиси ба стресс ва ҳаяҷон гирифтор гаштани кӯдак мегардад.

Панду насиҳати зиёд стресси кӯдакро бештар месозад

Аксари волидон бо мақсади насиҳат кардани фарзандашон дар як рӯз чанд маротиба гаштаву баргашта “мабодо дар мактаб беодобӣ накунӣ, нағз хон, боз дугирак шуда моро шарманда насозӣ...” гӯён, кӯдакро роҳнамоӣ кардан мехоҳанд, вале панду насиҳати аз ҳад зиёд баръакс зиён дорад. Таъкидҳои пай дар пайи волидон метавонад стресс ва ҳаёҷони кӯдакро бештар гардонда, дар қалби кӯчакаш ҳисси тарсу ҳаросро бедор намояд. Ҳамаи ин боис мегардад, ки кӯдак дилхунук шуда, дигар ба мактаб рафтан намехоҳад.

Барои одат кардани кӯдак ба мактаб чӣ бояд кард?

Барои ба муҳити нав-муҳити мактабӣ одат кардан ба кӯдак вақт додан лозим аст. Волидон бояд дар ин давраи ҳассос ба фарзанди худ кӯмак намуда, нисбаташ бештар меҳрубонӣ зоҳир намоянд. Кӯшиш кунед, ки бо шӯхию бозӣ ва дилхушӣ кӯдакро ба мактаб омода созед. Шумо бояд ба фарзанди худ фаҳмонед, ки мактабхон шудан ягон ҷойи тарсу ҳарос ва душворӣ надорад. Дар мактаб вай хондану навиштанро ба зудӣ меомӯзад ва албатта дӯстони зиёде пайдо карда, бо онҳо вақташ хуш мегузарад...

Ҳамин тавр кӯдак оҳиста-оҳиста ба тарзи нави ҳаёт ва ба муҳити мактабӣ одат карда, стресс ва ҳаяҷонаш бартараф мегардад....

Кӯдак ба мактаб одат намекунад, чӣ бояд кард?

Аммо кӯдаконе ҳастанд, ки ба осонӣ ба муҳити мактабӣ ва тарзи нави ҳаёт-саҳар барвақт аз хоби ширин хестан, бо дили нохоҳам наҳори кардан, ба ҷойи бозию давутоз ба мактаб рафта дарс хондан одат карда наметавонанд. Ин айби кӯдак нест, ҷисми ӯ қодир нест ба осонӣ ба навгониҳо одат намояд ва ба ҳолати дистресс меафтад.

Чаро кӯдак ба дистресс гирифтор мешавад?

Сабаби ба ҳолати дистресс гирифтор гаштани кӯдак метавонад ноустувории эмотсионалӣ ё мушкилот дар азхуд намудани барномаи дарсӣ бошад. Ҳамаи ин метавонад ба вайроншавии реҷаи хоби кӯдак ва мушкилоти дигари равонӣ оварда расонад, агар волидон дар паси сар кардани ин ҳолат ба фарзанди худ ёрӣ нарасонанд.

Кӯдаки ба ҳолати дистресс гирифтор гашта худро хонандаи бад ҳис мекунад. Вай боварӣ дорад, ки аз ӯҳдаи хондан набаромада истодааст, чунки аз дигарон қафо монданашро ҳис мекунад.

Волидон бояд чӣ кор кунанд?

Муҳим аст, ки ки кӯдак худро муваффақ эҳсос намояд, бинобар ин шумо бояд фарзанди худро дастгирӣ кунед. Барои хурдтарин комёбӣ кӯдакро ситоиш намоед. Як шеъраки думисрагӣ азёд кардааст, ҳатман ба вай офарин гуфта, дар назди дигарон таъриф кунед, ки чи қадар духтарча ё писарчаи донояк доред. Расми кашидаашро таъриф кунед, ҳатто агар ягон маънӣ надошта бошад ҳам, гӯед, ки дар оянда рассоми хуб мешавад. Барои ҳар як баҳои хуб ва аълои гирифтааш ӯро таъриф карда, ягон туҳфаи хурдакак, масалан як дона шоколад харида диҳед. Талабаи синфи 1-ро ҳамеша руҳан дастгирӣ кардан лозим аст. Ситоиш ва боварии волидон ба кӯдак илҳом мебахшад ва кӯшиш мекунад, ки минбаъд муваффақтар гардад.

Реҷаи рӯзи кӯдакро ба низом дароред

“Ту бояд нағз хонӣ” гӯён, ба кӯдаки синфи 1 фишор овардан лозим нест, вале кӯдакро ба ҳоли худ мондан ҳам мумкин нест. Шумо бояд барои фарзандатон реҷаи рӯз тартиб дода, ҳаёти кӯдакро ба танзим дароред. Вақти аз хоб хестан, наҳорӣ, ба мактаб рафтан, дарс тайёр кардан ва вақти бозии кӯдак бояд аниқ бошад.

Дар тайёр кардани вазифаи хонагӣ ёрӣ расонед

Фаромӯш накунед, ки волидон бояд дар тайёр кардани вазифаҳои хонагӣ ҳатман ба кӯдаки синфи 1 ёрӣ расонанд. Мабодо кӯдак чизеро нафаҳмад, бе доду вой, бо роҳи соддаву осонтар гаштаву баргашта онро фаҳмонед. Ҳаргиз ба сари кӯдак дод зада “ту ин қадар бефаҳм ҳастӣ, охир ман инро сад бор ба ту фаҳмондам-ку” нагӯед, чунки ин боиси эътимод ба худро аз даст доданги кӯдак мегардад.

Ба ҷойи кӯдак вазифаи хонагиашро тайёр накунед, фақат ёрӣ расонед, фаҳмонед ва имкон диҳед, ки худаш мустақилона онро ҳал кунад.

Ба кӯдак меҳру муҳаббат диҳед

Ҳаргиз кӯдакро барои нокомиаш дар аз худ намудани барномаи дарсӣ паст назанед. “Ту боз баҳои паст гирифтӣ” гӯён, ситеза накунед, ки худо ба шумо як фарзанди нодон додааст. Чунин рафтори волидон кӯдакро дилшикаста месозад. Кӯдак гумон мекунад, ки шумо ӯро дӯст намедоред ва руҳан худро яккаву танҳо эҳсос карда, азоб мекашад. Меҳру муҳаббати худро дар ягон ҳолат аз фарзандатон дареғ надоред. Кӯдак бояд ҳис кунад, ки падару модараш ӯро бо тамоми камбудӣ ва комёбиҳояш дӯст медоранд.

Бо оромӣ ва меҳру муҳаббат дар аз худ кардани барномаи дарсӣ ба фарзандатон кумак расонед, он гоҳ вай ҳатман муваффақ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД