Барои гумонбарони амали террористии Крокус-Сити-Холл ҳабси абад талаб карданд
232

Барои 19 нафар гумонбарони амали террористӣ дар толори консертии Крокус-Сити-Холл ҳабси абад талаб кардаанд. Людмила Айвар, вакили дифоъи ҷабрдидагон дар ин хусус хабар дода, гуфтааст, ки баҳси тарафҳо дар Додгоҳи ҳарбии 2-юми ҳавзаи ғарбӣ пушти дарҳои баста мегузарад.

"Ҳимоятгарони ҷабрдидагон дар баҳси тарафҳо пофишорӣ мекунанд, то ташкилкунандагон ва тамоми шахсони дар ин амали таррористӣ даст дошта аз рӯйи қонун ҷазои сахт ва одилона гирифта, ба ҳабси абад маҳкум карда шаванд”,- гуфтааст Айвар зимни суҳбат ба ТАСС.

Ҷабрдидигон тавассути ҳимоятгаронашон ҳамчунин барои рӯёнидани ҷуброни зарари маънавӣ ба маблағи даҳҳо миллион рубл ба додгоҳи шаҳрвандӣ шикоят бурдаанд.

Ёдрас мешавем, ки амали террористӣ дар толори консертии «Крокус-Сити-Холл» санаи 22-юми марти соли 2024 рӯй дода, бар асари ин ҳамла 149 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 609 тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин парванда дар маҷмуъ 19 нафар даст доранд, ки аксарияташон зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД