Sebiston new 2024 october
Барои фарзанддор шудан кадом дуоро хондан лозим аст?
716

Чанд сол боз оила барпо карда бошам ҳам, ҳанӯз фарзанддор нашудаам. Оё дуо барои фарзанддор шудан мавҷуд аст?

Саидҷалол, ш. Исфара

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Иброҳим (а) дуояш дар бобати талаби фарзанди солеҳ ва дар ҳаққи фарзанд дар оятҳои зерини Қуръон зикр шудаанд: «Эй Парвардигори ман, ба ман аз шоистагон (фарзанде) ато кун! Пас, ўро ба навҷавони бурдборе башорат додем. (Сураи «Соффот», 100-101) «Сипос он Худойрост, ки ба ман – бо вуҷуди калонсолӣ – Исмоил ва Исҳоқро ато кард. Ҳамоно Парвардигори ман Шунавандаи дуо аст. Эй Парвардигори ман, маро ва авлоди маро (низ) барподорандаи намоз бикун ва эй Парвардигори мо, дуои маро қабул кун». (Иброҳим, 39-40). Шумо ҳам ноумед набошед ва аз раҳмати Худованд талаби дуо кунед. Худованд бандагонашро бенасиб намемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД