sebiston july new
Барои духтар шавҳар муҳимтар аст ё диплом?
06.08.2024
ОИЛА.ТҶ
901

Салом хонандагони азиз! Мехоҳам дар як масъалаи муҳим аз шумо маслиҳат бипурсам.

Ман духтари 22-сола ҳастам, дар яке аз донишгоҳҳои давлатӣ таҳсил мекунам. Дар даврони мактабӣ аъло мехондам. Мактабро бо аттестати сурх хатм намудам. Шароити иқтисодӣ надоштем, вале ман бо квотаи Президентӣ ба донишгоҳ дохил шудам. Аслан мехостам баъди хатми донишгоҳ оиладор шавам, вале дар зиндагиам як нафар пайдо шуд. Мушкил дар он аст, ки дӯстдоштаам оиладор ва соҳиби як фарзанд мебошад. Мумкин бисёриҳо маро сарзаниш кунанд, ки дидаву дониста зиндагии дигареро вайрон карда истодаам, вале ин тавр нест. Ҳамааш бо розигии дутарафа сурат гирифта, мо намехоҳем аз ҳамдигар ҷудо шавем.

Ҳар рӯз дар хонаамон ягон мушкилӣ сар мезанад ва сахт асабонӣ мешавам. Модарам ҳар як кори барои ману хоҳарам кардаашро миннат карда, мегӯяд, ки бо ин аҳволатон шумо ягон чиз намешаведу ман беҳуда ба шумо пул дода, хароҷот карда истодаам, ҳол он ки мо шартномавӣ таҳсил намекунем. Волидонам фақат барои хӯрдану пӯшидан ба мо пул медиҳанд.

Падарам ҳамаи дороиеро, ки доштем, дар қимор бой дода, моро хонасалот кард. Он вақт ман нав 16-сола будам, рӯзҳои сахттаринро пушти сар намуда, бо дониши худам ба донишгоҳ дохил шудам. Пештар бобою бибиам маро дастгирӣ мекарданд, вале акнун онҳо низ имконияти кумак кардан надоранд. Дар оилаи мо айни замон танҳо акаам кор карда истодааст ва албатта ба ӯ ҳам душвор аст. Аз ҳамин сабаб мехоҳам шавҳар кунам, то каме ҳам бошад, кашидани бори зиндагӣ барои аҳли оилаамон сабуктар гардад, вале аз он ки марди дӯстдоштаам оиладор аст, дудила шудаам. Метарсам, ки занаш ба сарам наояд.

Хулоса, сарҳисоби корамро гум кардаам. Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Ба шавҳар баромада таҳсиламро давом диҳам ё аввал хонда соҳиби касбу ҳунар шаваму шароити зиндагии волидонамро беҳтар намуда, баъд дар фикри оиладоршавӣ афтам?

З. С.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД