Ронандагон дар Тоҷикистон барои баланд кардани суръати ҳаракат 500 ва барои дрифт 1000 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.
Тибқи тағйироти ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, минбаъд барои лағжиши беасос ё худ дрифту намоишкорӣ аз 10 то 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Ҷарима барои нақзи меъёри суръат низ беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст. Аз ин ба баъд ронандагоне, ки бо суръати баланд мошин меронанд, аз 5 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима баста мешаванд, ки аз 390 то 546 сомониро ташкил медиҳад.