Formula novemver 2024
Барои чорпо рафтани навзод кӯмак кунед
607

 

Ба шикам мехобонем

Кӯдакро дар вақти мусоид зуд-зуд ба шикам хобондан лозим аст. Қисми зиёди кӯдакон ҳангоми ба шикам тобхурдан гардани худро намебардоранду дилашон танг мешавад ва ба гиря кардан медароянд. Аммо зуд онро ба оғӯш гирифтан лозим нест, чунки ӯ бояд бардоштани гарданашро ёд гирад ва ин коро хоҳад кард. Танҳо модарон каме таҳамул намоянд. Кӯдакон баъди чанд маротиба кушиш кардан барои худ қувва ҷамъ карда гарданашонро мебардоранд. Ва ин аввалин коре аст, ки навзод барои худ мекунад.

Ба шикам хоб кардану дунёро “рост” дидан барои биноиши кӯдак ниҳоят хуб аст. Акунун чапу росташро аниқ мекунад.

Дар рӯи фарши сахт ба шикам хобондани кӯдак хуб нест. Ҳатман қолиндчаи мулоим ва ё курпачаи тунуке гузота кӯдакро дар рӯи он ба шикам гузоштан лозим аст.

Кумак ба кӯдак

Баъди ба шикам хобонидан, ва дастонатонро дар кафи пойи кӯдак монда барои ба пеш ҳаракат кардан кумак кардан лозим аст. Чизҳои хатарнокро гирифта баръкс бозичаҳои мулоими рангинро ки ӯ дӯст медорад дар атрофаш гузоштан лозим аст. Барои ба бозичаҳояш наздик шудан, ӯ худро тела мекунад ва ин амал аввалин қадами кӯдак барои чорпо рафтан аст.

Барои ҳавасманд кардани кӯдак худ аз наздаш дуртар нишинед ва бо чизи мехостааш ӯро барои чорпо рафтан талқин намоед. Метавон дар роҳаш ҳар ашёи сабук гузоред ва барои он ки онҳоро паси сар намояду ба пеш ҳаракат кунад барояш кумак кунед. Чорпо гаштани кӯдак барои боқувват шудани мушаки гардану қафаси сина ва пойҳову дастонаш ниҳоят кумак мекунад. Инчунин мушакҳои чашмони навзод формаи дурустро мегирад. Танҳо барои роҳрав шудани ӯ каме таҳамул дошта барои нокомиҳои ӯ нороҳат нашудан даркор.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД