Formula novemver 2024
Барои чӣ механизмҳои бозор ба бозбинӣ кардани нархҳои алоқа маҷбур месозанд?
22.04.2024
ОИЛА.ТҶ
303

 

Болоравии нархи хизматрасониҳои мобилӣ - норозигии муштариён - бекоркунии қарорҳои тоза қабулшуда бо супориш “аз боло”. Маҳз бо чунин сенарияи такроршаванда тӯли солҳои охир дар Тоҷикистон аз тағйирдиҳии нархҳо дар бозори телекоммуникатсионӣ, ки пешакӣ бо мақомоти назораткунанда мувофиқа шудаанд, даст мекашанд. Дар соли 2018 ин ҳолат бо SIM-кортҳо, соли 2019 бо интернет, дар оғози соли 2024 бошад, бо тарофаҳои операторони пешсафи алоқа ба амал омада буд. Барои чӣ ширкатҳои телекоммункатсионӣ маҷбур буданд, ки ба ин мавзӯи начандон оммавӣ баргарданд, кӣ ба операторон тағйир додани нархҳоро иҷозат дода, боз манъ мекунад?

Бозор амр мекунад

Сабабҳои тағйирёбии тарофаҳо се ҷанба доранд: иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ. Ва онҳо бо чунин тартиб мувофиқи мантиқи оддии бозор канори якдигар истодаанд. Дар соли 2024 нархи неруи барқ, ки бе он кор кардани таҷҳизоти алоқа номумкин аст, якбора ба андозаи 16% зиёд шуда, инчунин маблағи иҷора барои истифодаи ҳуҷраву майдонҳои пойгоҳҳои базавӣ низ боло рафт. Ширкатҳои телекоммуникатсионӣ бошанд, сохторҳои тиҷоратӣ ба ҳисоб мераванд, бозор онҳоро маҷбур месозад, ки афзоиши хароҷотро, ки хеле назаррас аст, бо баландбардории нархҳо баробар намоянд. Бо вуҷуди ин бояд гуфт, ки операторон ин гуна иқдомҳоро бо дили хеле нохоҳам пеша мекунанд.

Барои муштарии миёнаоморӣ ин шояд аҷиб намояд, лекин ин воқеан чунин аст. Зеро бо болоравии нархҳо эҳтимолияти аз шабака берун шудани муштариён низ зиёд мешавад, чунин ҳолат, дар навбати худ, ба нуфузи ширкат таъсири хеле манфӣ расонида, боиси зарарҳои моддии ширкат мешавад. Бо назардошти мантиқи иқтисодӣ бошад, операторон ҳаматарафа кӯшиш мекунанд, ки нархҳои худро рақобатпазир кунанд, яъне аз ҳисоби миёнаи бозор пасттар намоянд. Чунин иқдом дар ояндаи дарозмуҳлат ба дастрасии хизматрасониҳои алоқа таъсири мусбат хоҳад расонид.

Бозӣ бо норозигӣ

Ширкатҳои телекоммуникатсионӣ нархҳоро дар ҳолате боло мебаранд, ки агар онҳоро ба ин кор шароитҳои берунӣ водор созанд, як мисоли оддӣ - нархи неруи барқ. Гӯё, ки ҳамааш аз мантиқ берун нест: ҳар қадаре арзиши аслии маҳсулот зиёд бошад, ҳамон қадар нархи ниҳоӣ зиёдтар аст. Ин мантиқи оддии бозорист. Лекин дар робита бо алоқа, ки аз он миллионҳо муштарӣ истифода мебаранд, дарҳол омили иҷтимоӣ фаъол мешавад. Табиист, ки ҳеҷ як муштарӣ ҳатто дар сурати на он қадар зиёд боло рафтани нархҳо намехоҳад, ки маблағи зиёдтар пардохт намояд. Лекин дар баробари ин ҳама мехоҳанд, ки сифати алоқа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ҳарчи беҳтар ва дастрасиаш ҳарчи баландтар бошад. Кам нафарон дар фикри он мешаванд, ки агар даромади тиҷорат коҳиш ёбад, аз ҳисоби чӣ ширкатҳои телекоммуникатсионӣ шабакаи худро инкишоф медиҳанд? Вале зумрае аз муштариён метавонанд оператори худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ шадидан маҳкум карда, танқид намоянд - чаро не?

Аз чунин ҳолатҳо баъзе аз намояндагони ВАО бо камоли майл истифода мебаранд. Масалан - чӣ тавр? Дар оғози сол Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои соли 2023 ҳисобот дод. ВАО, ки ба ин масъала диққат зоҳир карданд, бо камоли майл маълумотро дар бораи миллиард-миллиард даромади соҳаи телеком баҳри дар ҳайрат гузоштани хонандагон пешниҳод намуданд, лекин диққатро ба он равона накарданд, ки ин даромади умумии даҳҳо ширкатҳост. Ва акнун сайъ кунед маводеро пайдо намоед, ки дар он маълумот оид ба миқдори бунёдкориҳои соли гузашта ва маблағҳои ниҳоят зиёди бо ин мақсадҳо ҷудонамудаи операторон мавҷуд бошад. Ин маълумот дар ихтиёри Хадамоти алоқа ҳаст ва он мунтазам дар нишастҳои хабарӣ пешниҳод мегардад, лекин ВАО онро истифода намебарад. Барои чӣ? Худ хулоса бароред. Танҳо хароҷоти асосӣ - андозҳо ва инфрасохтор 40% ва 30% тамоми воридоти пулии операторро мутаносибан дар бар мегирад. Хароҷоти дигар низ мавҷуд аст. Лекин агар сидқан дар бораи он сухан гӯем, ки ширкатҳои телекоммуникатсионӣ қариб тамоми даромади худро ба инкишофи соҳа равона месозанд, пас баландбардории имиҷи худ аз ҳисоби эътирозҳо нисбати ҳама гуна тағйирёбии нархҳо мушкил мешавад.

Иҷозат дода шавад - манъ карда шавад: аз ҳарду яке

Боз як далеле, ки онро муштарии миёнаоморӣ ба назар намегирад: ягон ширкати телекоммуникатсионӣ нархҳоро бе мувофиқаи мақомоти назораткунанда боло бурда наметавонад. Пеш аз ҳама бе иҷозати Хадамоти зиддиинҳисорӣ. Маҳз ҳамин сохтор ҳолати бозорро таҳлил менамояд, таъсири нархҳои навро ба иқтисоди кишвар пешгӯӣ мекунад. Ва агар ниҳоят баландбардории нархҳоро мувофиқа намояд, ин корро танҳо ҳангоми зарурати қатъӣ анҷом медиҳад.

Тағйирдиҳии нархҳои алоқа, ки бояд дар моҳи феврали соли 2024 амалӣ карда мешуд, мувофиқа гардида буд ва далели мувофиқашуда будани онҳо ба он далолат мекунад, ки ин иқдом аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок шудааст. «Тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ва бастаҳои хизматрасониҳои алоқаи кандуӣ бинобар афзоиши нархи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва коммуналӣ, инчунин аз 1-уми январи соли 2024 боло рафтани арзиши иҷораи ҳуҷраҳо ва ҳудудҳо барои пойгоҳҳои базавӣ зиёд карда шудаанд. Инчунин нархи таҷҳизоти мобилӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири онҳо боло рафтааст. Баландбардории нархҳо бояд ба рушди бозор мувофиқат намояд”,- гуфта мешавад дар паёми Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ки дар моҳи январ ироа гардида буд.

Сохтори дуюми соҳавӣ, ки дар танзимкунии бозори телекоммуникатсионӣ иштирок менамояд, Хадамоти алоқа мебошад. Он маҳз ҳамчун сохтори танзимкунанда амал мекунад: ба идоракунии умумии соҳа, пешниҳоди иҷозатномаҳо, назорати риояи қонунҳои амалкунанда машғул мебошад. Агар Низомномаро дар бораи Хадамоти алоқа бодиққат омӯзем, дар он метавон банди “иштирок дар омодакунӣ ва мувофиқаи нархҳо”-ро пайдо кард. Дар байни вазифаҳо инчунин “назорати нархҳои соҳаи алоқа, ки аз ҷониби мақомоти вақолатдори давлатӣ тасдиқ ва мувофиқа карда шудаанд” ҷой дорад. Яъне ҳамаи хабарҳои Хадамот вобаста ба нархҳо хусусияти тавсиявӣ доранд ва маводҳои дар ВАО нашршаванда аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Аз ҷумла, дар онҳо чунин гуфтаҳо оварда мешаванд: Хадамоти алоқа операторонро “даъват кард”; дар назди операторон “вазифа гузошт”; ё ба операторон “тавсия дод”, ки баландбардории нархҳоро бекор намоянд.

Иҷозат диҳед бозор кор кунад!

Оё шахшавӣ (беҳаракатии) тарофаҳо, ки чанд сол боз идома дорад, маънои онро дорад, ки операторон акнун маблағи иҷора, нерӯи барқро камтар месупоранд ва ба бунёди инфрасохтору лоиҳаҳои иҷтимоӣ камтар сармоягузорӣ мекунанд? Албатта, не. Ин танҳо як маъно дорад: имкониятҳо барои рушд рӯз то рӯз камтар мешаванд. Бо коҳишёбии маржаи тиҷорат дар минтақаҳои дурдаст пойгоҳҳои базавӣ низ камтар насб карда мешаванд. Раванди рақамикунонии иқтисоди кишвар низ суст мегардад. Агар чунин ҳолат ба миён ояд, он бар хилофи манфиатҳои муштариён, мақсадҳои Ҳукумати ҶТ ва вазифаҳои худи ширкатҳои телекоммуникатсионӣ хоҳад буд. Бале, дар сурати болоравии нархи хизматрасониҳои алоқа ҳар яки моро зарур меояд, ки маблағи бештар сарф намоем. Лекин дар миқёси кишвар телеком барои ҳаракати мунтазам ба пеш, ки барои ҳама лозим аст, манбаъҳои заруриро ба даст меорад.

Хуллас, роҳи ҳалли масъала танҳо як аст: бигзор механизмҳои бозор тавре амал кунанд, ки то ҳол мекарданд. Саволе ба миён намеояд, вақте бинобар сабаби қиматшавии бензин ва арзиши интиқолу бурдарасонӣ нархи гӯшти гӯсфанд ва кимиёи маишӣ боло меравад. Ҳеҷ кас фурӯши онҳоро бар зарари худ анҷом намедиҳад. Соҳаи телеком низ бо ҳамон принсипҳо амал мекунад, лекин бинобар хусусияти оммавӣ доштани хизматрасониҳои алоқа он нисбатан зиёдтар таҳти таъсири афкори ҷомеа ва мавриди танзимоти давлатӣ қарор мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД