Падару модароне, ки фарзандонашон имсол ба синфи 1 мераванд, бояд аллакай аз пайи тахт кардани ҳуҷҷатҳои кӯдак шаванд, зеро тибқи Барномаи омода намудани кӯдакони 7-сола ба таҳсил, ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, кӯдаконро қаблан номнавис мекунанд ва таҳсили хонандагони синфи якум аз 1-уми август оғоз меёбад.
Дар ин давра бо хонандагони синфи 1 давраи шиносоӣ гузаронида мешавад. Дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт кӯдакон ба синфи якум тариқи ройгон қабул карда мешаванд.
Тибқи Низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зеринро талаб менамоянд:
1. Варақаи шахсии хонанда
2. Ду дона расми се ба чор
3. Аризаи волидайн оид ба қабули кӯдак ба мактаб
4. Шаҳодатномаи таваллуди кӯдак
5. Ҳуҷҷати тиббӣ
6. Дунусхагӣ шиносномаи волидайн
7. Шаҳодатномаи ақди никоҳ
8. Маълумотнома аз ҷойи зист
Имсол кӯдаконе, ки то 31-уми декабри соли 2018 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Кӯдак 1-уми январи соли 2019 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.