112 нафар муаллимону духтурон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби қитъаи замин барои сохтани хонаҳои истиқоматӣ мешаванд. Бо ин мақсад дар доираи лоиҳаи бунёд намудани микроноҳияи нав 5 гектар замин ҷудо карда шудааст.
Дар доираи ин лоиҳа ҳамчунин бунёди биноҳои бисёрошёна, парки технологӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакон дар назар аст.
Тавре нашрияи «Нигини Хоруғ» иттилоъ медиҳад, ин ташаббус ба дастгирии кормандони соҳаи тиб ва омӯзгорон нигаронида шудааст. «Ба тадбирҳои ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон ва кормандони соҳаи тиб дар асоси қарори ҳукуматӣ дар бораи имтиёзҳо низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад»,- мегӯяд манбаъ.