Садорат ҳастам. Се сол пеш бо айби шавҳарам оилавайрон шуда, ба хонаи падар баргаштам. Як духтарчаи нозанин дорам. Аз рӯзе, ки бо кӯчу бандам ба хонаи падар баргаштам, рӯзам сиёҳ аст.
Ду бародари паҳлавон дорам. Агар бо онҳо ҳамсӯҳбат шавед, намегӯед, ки инсонҳои баду ҳайвонсиратанд, чунки дар кӯча аз онҳо дида, одами хуб нест. Вале ҳамин, ки пояшон даруни хона расид, аждари тайёрро мемонанд. Баъди номи бевагиро гирифтанам, маро чӣ таънаҳое намекунанд. Борҳо дар рӯям гуфтанд, ки шавҳарам барои фоҳишагӣ талоқамро додааст.
Хонандаи азиз! Вақте фарзанди падарат чунин таъна мекунад, хеле дарднок аст. Ман ин мактубро бо оби дида навиштам, зеро аз тӯҳмату таънаи янгаву ака ҷонам ба лаб расидааст. Як рӯз духтарчаам пиёларо шикаст, янгаам ду даст дар миён ба утоқи хоби ман даромада гуфт: “Ҳаромият пиёларо шикаст, аз шумо ягон фоида нест, доим ба хона зарар мерасонед”! Тоқатам тоқ шуда, духтарчаамро се-чор шаппотӣ задам, аммо янгаи заҳрсуханам “ту барқасди ман духтарчаатро задӣ” гӯён, хонаро ба сараш бардошт ва дар назди падару модари пирам чӣ суханҳое аз даҳонаш баромад, бе истиҳола ба забон овард. Гиристам, охир забонам кутоҳ аст, чӣ хел бо янга ҳафту ҳашт кунаму ӯро дар ҷояш шинонам. Сабаби ин ҳама бадбахтиҳо ана ҳамон бародарам аст, ки дидаву дониста, маро ба Абубакр дода, ҳаётамро сӯхт..
Барои дастнигари бародарон нашудан, дар ошхонаи ноҳияамон ҳамчун косашӯй ба кор даромадам. Як рӯз кор накарда, бародарони хунхорам ба ҷойи корам омада, маро зада – зада ба хона бурданду дар пеши чашми падару модарам таҳқиру дашномҳои болохонадор карданд. “Духтари тарпочаи шумо барои кор кардан не, барои шӯкобӣ ба ноҳия рафта меояд” гуфта, хуб мурдакӯбам карданду қасам хӯрданд, ки поямро аз дари хонаашон берун нагузорам, вагарна сарамро аз тан ҷудо мекунанд.
Ҳайрон мешавам, ки нонашонро нимта кардам, тайёрхӯру бекорхӯҷаам гуфтанд, вақте ба кор баромадам, тарпочаву шӯкобӣ баромад гуфтанд. Ҳеҷ намефаҳмам, чаро ин қадар зулму ситам ба сари ман аст? Агар медонистам, ки дар хонаи падар рӯзам ин қадар сиёҳ мешавад, пеши пойи шавҳари майхораам афтода, гиряву зорӣ мекардам, ки талоқамро надиҳад. Хонандагони азиз, дарди диламро ба шумо қисса намудам, то маслиҳати худро аз ман дареғ надоред.
Садорати бадбахт