arzon replenishment
Бародарон ба хотири хоҳарашон қотил шуданд
1334

 

Кормандони мақомоти қудратии Россия ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои содир намудани ҷинояти вазнин-куштори ваҳшиёна дастгир намуданд. Боздоштшудагон ду бародар мебошанд, ки аз сари рашк дасти худро ба хуни инсон олуда кардаанд.

Аз рӯйи маълумоти мақомоти тафтишотии Россия бародарон ҳанӯз моҳи ноябри соли 2020 ҳангоми дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доштанашон аз муносибатҳои ошиқонаи хоҳарашон бо марде хабар ёфта, сахт ба ғазаб омадаанд.

“Бо мақсади қасос гирифтан онҳо ба Тоҷикистон баргашта, мардеро, ки бо хоҳарашон муносибати маҳрамона доштааст, пайдо кардаанд. Ин ду бародар аз сари рашк мардро бо роҳи зӯрӣ рабуда, бераҳмона ба қатл расонидаанд ва пас аз содир намудани ин ҷинояти сангин ҷасадро дар партовгоҳ зери хок карда, ба Русия фирор намудаанд,”–гуфтааст намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Россия Ирина Волк.

Бародарон дар ҷустуҷӯйи байналмиллалӣ қарор доштанд ва айни замон масъалаи ба Тоҷикистон интиқол додани боздоштшудагон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД