Овохони ҷавони тоҷик Сафармуҳаммад Қодирӣ, бародари Меҳрнигори Рустам, сафири иродаи неки ЮНИСЕФ- бунёди атфоли СММ эълон шуд.
Дар маросиме рӯзи 15-уми феврал ин созмон овозхонро чун сафири нахустини худ дар Тоҷикистон муаррифӣ кардааст. Сафармуҳаммад акнун ба ҳайси сафири иродаи неки ЮНИСЕФ бояд садои кӯдакону ҷавонон, қишри осебпазири кишварро ба ҷомеа ва мақомдорон расонида, барои шунида шудани пайёми онҳо мусоидат намояд. “Сафир барои паҳн намудани паёмҳои муҳим ба кӯдакон ва ҷавонони Тоҷикистон ва инчунин расонидани нигарониҳо ва андешаҳои онҳо ба шахсони қарор қабулкунандаи кишвар нақши муҳим дорад,” - гуфтааст, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен, дар маросими муаррифии сафири созмон дар Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, ки ин овозхони ҷавон тайи се соли ахир бо ЮНИСЕФ ҳамкорӣ дошт ва дар маъракаҳои зиёде марбут ба ҳуқуқи кӯдакону ҷавонон ширкат кардааст.
Ба гуфтаи масъулини ЮНИСЕФ, ҳамкории овозхони ҷавон бо созмон аз замони пандемияи COVID-19 шурӯъ шуда, Сафармуҳаммад тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ наврасону ҷавононро аз роҳҳои пешгирӣ аз беморӣ огоҳ мекардааст. Дар доираи як чорабинии ЮНИСЕФ ӯ дар чанд минтақа бо ҷавонони паноҳҷӯйи афғон низ мулоқот намудааст.
ЮНИСЕФ ҳамасола дар саросари ҷаҳон чеҳраҳои шинохтаро миёни наврасону ҷавонон чун сафирони иродаи некӣ интихоб мекунад. Ҳадаф аз ин иқдом расонидани садову мушкили кӯдакону ҷавонон ба гӯши мансабдорон ва дастгирии наврасони камбизоат дар кишварҳои гуногуни олам аст.