Sebiston new 2024 october
Бародар бародарро кушт!
1694

 

Дар натиҷаи як муноқишаи оилавӣ, ки байни ду бародар сар задааст, додар ба дасти ака кушта шуда, ин ҳодисаи нангин барои як умр дар дафтари зиндагии ин хонавода доғи бадномӣ гузошт...

Вазорти корҳои дохилии кишвар аз боздошгти як марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе чун гумонбар дар содир намудани ҷиноятӣ одамкушӣ хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, боздоштшуда шаби 3-юми август, тахминан соати 03:00, дар хонаи истиқоматиашон бо бародараш марди 35-солаи сокини пойтахт муноқиша намуда, якдигарро лату кӯб намудаанд.
Дар натиҷа додар бар асари лату кӯби ака ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, вале сабаби ҷанҷоли хунини бародарон маълум нест. Тафтишоти ҷузъиёти дигари ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД