Formula novemver 2024
Барномаи савдои электронӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд
29.08.2024
ОИЛА.ТҶ
656

Бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Hilton» чорабинӣ вобаста ба муаррифии «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

- Чорабинӣ бо дастгирии Дафтари Маркази Савдои Байналмилалӣ (International Trade Centre) баргузор карда шуда, тибқи барнома дар он муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, муовини Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва намояндаи Маркази Савдои Байналмилалӣ сухани ифтитоҳӣ намуданд,- меафзояд манбаъ.

Дар суханронии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода А. Н. қайд гардидааст, ки бо мақсади иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми Маҷлиси Олӣ, шӯрои Машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар бо дастгирии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (ITC) «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми майи соли 2024, №295 тасдиқ ва мавриди амал қарор дорад.

Гуфта мешавад, ки Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 бо мақсади таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи савдои электронӣ дар кишвар, маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани малакаи рақамӣ ва молиявии аҳоливу соҳибкорон, рушди инфрасохтор ва логистикаи савдои электронӣ, такмил додани гардиши ҳуҷҷатҳо ва пардохтҳои электронӣ фарогир мебошад.

Дар чорабинӣ ҳамзамон рӯнамо вобаста ба Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 пешниҳод гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД