Formula novemver 2024
«Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул шуд
391

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми сентябр маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта, дар он «Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид.

«Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» барои рушду такомули театри тоҷик ва ҳалли маҷмуи мушкилоти мавҷудаи соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад. Барнома бо мақсади ҳифз ва рушди анъанаҳои театрӣ, драматургияи муосир ва намоишҳои нав, ҷалби тамошобинон, баланд бардоштани нақши санъати театрӣ дар ҳаёти фарҳангӣ ва омода кардани кардҳо дар самти театр дар дохил ва хориҷи мамлакат амалӣ мегардад.

Бо татбиқи ин барнома то соли 2029 санъати театрӣ бештар тарғибу ташвиқ гардида, заминаи моддию техникии муассисаҳои театрӣ таъмин хоҳад гашт. Барои рушди фаъолияти эҷодӣ ва афзудани сафарҳои ҳунарии театрҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Дар доираи ин барнома фаъолияти 17 театр дар мамлакат ба назар гирифта шудааст.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 18 театри касбӣ амал мекунад, ки талаботи фарҳангии аҳолиро қонеъ гардонида, дар маҷмуъ барои рушди маънавиёт ва фарҳанги аҳли ҷомеа хизмат мерасонанд. Ин театрҳо санъати миллии моро дар хориҷи мамлакат муаррифӣ менамоянд. Новобаста ба ин дар фаъолияти театрҳои ҷумҳурӣ баъзе камбудиҳо ба чашм мерасанд. Заминаи моддию техникии театрҳо кӯҳна шуда, технологияҳои навтарини саҳнавӣ дар сатҳи зарурӣ амалӣ намешаванд.

Бояд гуфт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2012 «Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019» қабул ва амалӣ гардид. Ин барнома фаъолияти 6 театрро дар бар мегирифт.

Фарҳанг дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи калидӣ дорад. Аз ин ҷост, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳунар, хосса ба санъати театрӣ диққати махсус дода мешавад.

Дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе сохтмони яке аз бузургтарин театрҳо дар минтақа–Театри миллӣ идома дорад. Хишти нахустини он аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2015 гузошта шуда буд. Бинои Театри миллӣ аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд.

Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар яке дорои 1200 ва дуюмӣ 1000 ҷойи нишаст мебошанд. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлуӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ошёнаҳои болоии театр толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд.

Тавре ки “Ховар” навиштааст, дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва утоқҳои зиёди техникию ёрирасон сохта мешаванд. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД