arzon replenishment
Баҳриддини Сабур: Мо тамошобинро фиреб намекунем
654

 

Аз “А” то “Я”-и барномаи овозадори “Бонуи пурҳунар” дар суҳбати Баҳриддини Сабур

Чун рӯз аз рӯз ҳаводорони барномаи машҳури интернетӣ “Бонуи пурҳунар” меафзояд, тасмим гирифтем дар бораи барномаи мазкур бо муаллиф ва ровии он Баҳриддини Сабур суҳбате дошта бошем.

Ӯ доир ба пайдоиши идея, ивазшавии ном ва макони нашр, муносибат ва бархурд бо меҳмонон, беҳтарин ва сертамошобинтарин нашри барнома ва ғайраҳо ба мо нақл кард.

- Фаъолияти эҷодиии шумо фаррох аст ва доир ба дигар паҳлӯҳои касбияти худ чандин маротиба гуфтаед. Мо ният дорем дар ин суҳбат пурра доир ба барномаи "Бонуи пурҳунар" бигӯем. Чӣ гуна ва кай идеяи ин барнома пайдо шуд?

- Барои сабти намоҳанге ба шаҳри Панҷакент сафар доштем. Дар роҳ саргарми тамошои навору хабарҳои Фейсбук будам, тасодуфан аксеро дидам, ки дар он духтаре назди гов нишастааст. Аз чеҳраи ӯ эҳсос мешуд, ки духтари шаҳр ҳасту бо тарс назди гов истода, нияти дӯшидан дорад. Ҳамон аксро дидаму дар зеҳнам барнома пайдо шуд. Ҳамин тавр, бо аҳли гурӯҳ, ки хуб пазируфта буданд, корро болои барнома оғоз кардем.

- Аввалин нашри барномаро бо кӣ таҳия карда будед?

- Нахустин иштирокчии барномаи мо гулдухтари зебо Сафина Ғоибова (дар Инстаграм бо номи Safinajon_8 маъруф аст) буд.

- Тавре медонем, дар аввал барномаи мазкур бо ному саҳифаи дигар нашр мешуд. Чаро ном ва макони нашр иваз гардид?

- Ин барнома аз соли 2016 омода ва пахш мегардад. Он дар аввал бо номи «Бонуи ҳаматарафа» дар саҳифаи “Positive production” нашр мешуд, зеро қаблан он ҷо фаьолият мекардам. Вакте ки саҳифаи шахсиамро дар Ютуб бо номи “Peshsaf TV” фаъол кардам, барномаамро бо номи «Бонуи пурҳунар» дар ин ҷо давом додам.

- Меҳмононро чӣ гуна интихоб мекунед?

- Меҳмононро бо аҳли гурӯҳ аз рӯи фаъолияту ҷойгоҳашон ва муҳимтар аз ҳама ҷаззобияту ҷолибияташон интихоб мекунем.

- То имрӯз киҳо аз иштирок дар ин барнома даст кашиданд?

- Рости гап, то ҳол ин гуна нашудааст, ки духтаре аз иштирок дар ин барнома даст кашида бошад. Ҳар нафареро, ки дар ин барнома арзанда мешуморем, пешниҳод мекунем, бо ҷону дил қабул карда, иштирок мекунанд. Чун медонанд, ки ҳаводорони ин барнома хеле ва хеле зиёданд.

- Миёни шумо ва меҳмонони барнома додугирифти пулӣ ҳаст?

- Масрафҳои барнома аз ҷониби иштирокчӣ рӯпӯш мешаванд.

- Ҳастанд бонувоне, ки барои иштирок дар барнома аз шумо хоҳиш кунанд?

- Хеле зиёд, аммо мо бонувонеро дар ин барнома даъват месозем, ки чеҳра бошанд, ки бо ҳузурашон тавонанд барномаро ҷолиб созанд.

- Ба фикри худатон аз ҳама нашри беҳтарини барномаи “Бонуи пурҳунар” кадом аст?

- Ҳар нашри барномаи «Бонуи пурҳунар» аз якдигараш ҷолибтару рангинтар омода мешавад. Лекин аз рӯи шумораи тамошои бинандагон гирем, сертамошобинтарин нашри барнома ин бо иштироки Шабнами Собирӣ аст, ки зиёда аз 2 миллиону 300 ҳазор маротиба бозбинӣ шудааст. Барномаи мазкур бо иштироки Парвина Шукруллоева низ хеле ҷолиб омадааст. Нашри охири барнома, ки меҳмон Фараҳноз Шарафова буд, дар ҳафтаи охир хеле хуб пазируфта шуд. Он дар як шабонарӯз зиёда аз ним миллион маротиба бозбинӣ шуд. Ҳамчунин, бояд қайд кунам, ки чанд лаҳза пеш пораи барномаро бо иштироки Фараҳноз дар яке аз саҳифаҳои Инстаграм дидам, ки зиёда аз 36 миллион тамошобин пайдо кардааст.

- Барномаи шумо яке аз беҳтарин ва сертамошотарин барномаи Ютуби тоҷикӣ аст. Ба андешаатон чаро ин қадар таваҷҷуҳ зиёд аст?

- Шояд ба он хотир бошад, ки хама чиз дар ин барнома ба таври табиӣ сабт ва пахш мешавад. Дар барномаи мазкур ҳеҷ бахшу коре сохта нест. Барои мардум дидани як чеҳраи саршинос дар корҳои деҳа шавқовар аст, зеро аллакай дарк кардаанд, ки мо онҳоро фиреб намекунем ва ҳама ҳодисае, ки дар барнома рух медиҳад, ҳақиқат аст.

- Дар яке аз нашрҳо меҳмони барнома Умеда Парсаева мегурезад. Оё ин ҳақиқат буд ё аз рӯи сенария? Агар ҳақиқат буд, ҳоло муносибати шумо чӣ хел аст?

- Дар ҳақиқат Умеда Парсаева аз бахши охирони барнома, ки таппак кардан буд, даст кашида, фирор кард. Ин сенарияи пешакӣ набуд, балки вақте ки ӯ гурехт, дар аввал фикр кардам, ки шояд шӯхӣ мекунад, баъдан дидам, ки дар мошинаш нишаста, рафт.

Ҳоло бошад, муносибатамон ҳамон гунае, ки буд, тағйир наёфтааст. Ҳеҷ ҷои хафагӣ нест, зеро ҳар иштирокчӣ ҳақ дорад, ки чизе барояш муовфиқ нест, аз иҷрои он даст кашад.

- Ба меҳмонон корҳоеро мефармоед, ки бархеашон ҳатто боре накардаанд. Қабл аз барнома медонанд, ки кадом корҳоро мекунанд ё шумо онҳоро ҳамонҷо маҷбур мекунед?

- Тавре ки пештар гуфтам, мо бахши сохта ё таҳрезишуда надорем, балки мувофиқ ба шароит ва ҳолат бахшҳоро дар раванди барнома муайян мекунем ва иштирокчиён онҳоро иҷро мекунанд.

- Дар миёни меҳмонони барнома касе ҳаст, ки пас аз барнома дигар бо шумо гап назада бошад?

- Не, баръакс баъди пахши барнома боз дӯстию ҳамкориямон қавитар мегардад.

- Шумо аз чеҳраҳои намоёни телевизион ҳам ҳастед. Оё нияти бозгашт ба онҷоро бо барномаи “Бонуи пурҳунар” надоред?

- Ростӣ, дар ин бора айни ҳол чизе фикр накардаам.

- Мухлисони барномаи "Бонуи пурҳунар" чӣ навигариҳо ва кадом чеҳраҳоро интизор шаванд?

- Ба тамошобинони сершумори ин барнома ҷаҳон - ҷаҳон сипос мегӯям. Боз ҳам барномаҳои ҷолибтарро бо иштироки чеҳраҳои саршинос интизор бошанд.

Мусоҳиб

Сино ТОҲИРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД