Ширкати «Барқи тоҷик» хабар додааст, ки дар фасли сармо маҳдудияти неруи барқ дар Тоҷикистон зиёд мешавад.
Ин тадбир ба далели он будааст, ки дар зимистон обшавии пиряхҳои обанбори Норак кам шуда, ҷараёни об даҳ баробар кам мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар фасли гармо ба обанбор дар як сония 2 ҳазор метри мукааб об ҷорӣ мегардад, дар зимистон ҷараёни об дар як сония то 100-150 метри мукааб кам мешавад.
Илова бар ин, дар се даҳсолаи охир шумораи аҳолии кишвар ду баробар - аз 5,3 миллион нафари соли 1991 ба 10,2 миллион нафар расидааст, ки ин ҳам сарбории шабакаро зиёд мекунад.
Талабот ба қувваи барқ дар корхонаҳои саноатӣ низ афзуда, шумораи объектҳои саноатӣ аз 358 адади соли 1991 ҳоло ба се ҳазор расидааст.