Ширкати “Барқи тоҷик” бо нашри як муроҷиатнома эълон кард, ки аз 22-юми сентябр дар кишвар дар самти таъмини аҳолӣ бо неруи барқ расман маҳдудият ҷорӣ карда мешавад.
Сабаби ин тасмим сол аз сол зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба барқ ва пешгӯии зимистони сард дар соли ҷорӣ гуфта мешавад, ки имкон дорад ба дарёи Вахш об камтар ояд.
Ин ниҳод мегӯяд, таҷрибаи солҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки барои таъмини сифатноки барқ дар мавсими сармо ҷорӣ кардани маҳдудият дар давраи нисбатан гарм будани ҳаво барои аҳолӣ мушкилоти зиёд намеорад.
“Барқи тоҷик” аз аҳолӣ хост, ки ба давраи зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар мавсими тирамоҳу зимистон неруи барқро сарфакорона истифода намоянд.