Дар давлати Кувайт дирӯз, 11-уми ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ин чорабинии фарҳангӣ то 16-уми ноябр идома меёбад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ин доира баҳри таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо вазири иттилоот ва фарҳанг ва вазири давлатӣ оид ба корҳои ҷавонон, инчунин бо Раиси Шӯрои миллии Кувайт оид ба фарҳанг, санъат ва адаб мулоқот намудааст.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Кувайтро баррасӣ намудаанд.
- Шом маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ал-Кувайти давлати Кувайт бо намоиши аксу мусаввараҳо оғоз гардид,- меафзояд манбаъ.