Рӯзҳои 9-11-уми январи соли 2023 бар асари ворид гардидани ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Русия дар қисмати бештари қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво сард шуда, дар кӯҳҳо баъзе минтақаҳо барфи шадид меборад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Тавре кумита мегӯяд, рӯзҳои 9-10 январ дар як қатор ноҳияҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ вазиши боди сахт дар назар аст. Шамол дар ин минтақаҳо бо суръати 15-20 метр дар як сония хоҳад вазид. Маъмулан бодҳои сахту шадид қодиранд симҳои интиқоли барқро кананд, шохи дарахтонро шикананд, пояҳои сусти рекломҳоро ба замин зананд ва дар роҳҳо ҳолатҳои садамавӣ барои мошинҳоро ба вуҷуд оранд, ҳушдор додааст КҲФ.
Ҳамчунин 10-11 январ дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ коҳиши дамои ҳаво ба ҳадди 10-15 дараҷа дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ бориши шадиди барф пебинӣ мешавад.
КҲФ ҳушдор додааст, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарур аз сафар кардан ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намуда, кӯдаконро барои чаронидани чорво ва ғунучини ҳезум ба кӯҳсор нафиристед. Моҳидорӣ ва шикор низ дар чунин рӯзҳо хавфнок аст.
Барои пешгирии сел ҷӯйборҳоро тоза карда, ҳангоми истифода аз бухориҳое, ки бо ангишт гарм мешаванд, ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намудан лозим аст.