Вақте ки ин ё он бандаи мӯъмин аз олам мегузарад, аз қафои тобут мардони зиёд медаванду кӯшиш мекунанд, ки онро бардоранд. Фаҳмидан мехостам, ки оё бардоштани тобут савоб дорад ё на?
Алиҷон, хонандаи “Оила”.
Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Бародари азиз, албатта дар бардоштани тобут савоб ҳаст, чунонки дар ҳадис ворид шудааст, ки “Ҳар касе тобутеро чиҳил қадам бардорад, чиҳил гуноҳаш омурзида мешавад”.