arzon replenishment
Барқасди шавҳарам ба Русия рафта хору зор шудам!
1332

Салом! Ман як зани муҳоҷир мехоҳам саргузаштамро ба дигар занону духтарони тоҷик нақл кунам, то барояшон дарси ибрат гашта, хатои маро дар зиндагӣ такрор накунанд.
Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта, хонадор шуда будем... 

Зиндагии оилавиамон бисёр ширин буд. Худованди меҳрубон дар бадали 10 сол ба мо 3 фарзанди гул барин зеборо насиб дид ва шавҳарам “хонаи нав сохтан лозим” гӯён, корашро бас карда, роҳи Русияро пеш гирифт. Ҳар моҳ пул мефиристод, ману кӯдаконам гули чизро хӯрда, гули чизро мепӯшидем.

Хулоса, аз чизе танқисӣ намекашидем, вале ду сол пас хабари зани рус гирифтани падари фарзандонамро шунида, аз рашку алам ба қавле “девона” шудам. Садқаи ман барин зан шавӣ гӯён, тарки хона кардам. Хусуру хушдоманам чанд маротиба ба хонаи падару модарам омада, маро насиҳат карданд, ки гардани шайтонро шикаста, ба хонаи худам баргардам, вале “писаратон ба ман хиёнат карда, зани рус гирифтааст, мурам ҳам дигар поямро ба он хона намемонам” гӯён, якравӣ кардам.

Ҳамин тавр шаш моҳ пас шавҳарам тариқи телефон талоқи маро дод. Баъди ҷудо шуданамон барқасди шавҳарам кӯдаконамро ба модарам гузошта, роҳи Русияро пеш гирифтам. Фикр мекардам, ки мардикорӣ осон аст ва барқасди шавҳари хиёнаткорам пули бисёре кор карда, хона мехараму мисли малика зиндагӣ мекунам, аммо хаёлам хом баромад.

Дар Русия дар шохи дарахт пул намерӯидааст, қариб шаш сол мешавад, ки дар ин ҷо заҳмат мекашам, вале базӯр пули хӯрду хӯроки кӯдаконамро кор мекунам. Зиёда аз нисфи пуле, ки бо сад ранҷу азоб кор мекунам, харҷи иҷораи хона ва патенту дигар ҳуҷҷатҳо мешавад.

Шавҳарам аз зани русаш ҷудо шуда, ба Ватан баргашт ва духтари ҷавонеро ба занӣ гирифт. Аз зани наваш аллакай ду фарзанд дорад. Мегӯянд, ки хонаву дари нав сохтааст ва зиндагии шоҳона дорад. Ростӣ сахт пушаймонам, ки ба рашк дода шуда, хонаи бахтамро бо дасти худам вайрон кардам. Дар вақташ, агар ба панду насиҳати хусуру хушдоманам гӯш карда, ба хона бармегаштам, шояд имрӯз дар хонаи худам бо шавҳару фарзандонам хушбахтона зиндагӣ мекардам, вале барои як кайк шуда, пӯстамро оташ задам.

Ба занҳои тоҷик гуфтаниям, ки ҳаргиз орзуи муҳоҷиратро накунед. Ҷойи зан дар хонаи шавҳараш дар канори оила ва фарзандонаш аст!

Муҳайё аз шаҳри Новосибирск

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД