Formula novemver 2024
БАРҚАСДИ ШАҲЛО ҲОФИЗ ШУДАМ
09.01.2021
Р. Азимӣ
5299

 

Шаҳло ном духтареро дӯст медоштам. Шаҳло талабгорони зиёд дошт, вале аз байни ҳамон қадар ҷавон танҳо ишқи маро пазирифт. Аҳди ишқу муҳаббат баста, ба ҳамдигар қавл додем, ки издивоҷ менамоем ва то лаҳзаи охирини умр ба ҳамдигар вафодор мемонем.

Ман ба Русия сафар кардам, то барои гузаронидани тӯй пул кор карда баргардам. Шаҳло маро дилпур намуд, ки қавлу қасамашро фаромӯш намекунад. Маҳбубаам телефон, ки надошт, наметавонистам ҳар рӯз ба вай занг зада, аз зиндагӣ ва ҳолу аҳволаш хабардор шавам. Бо азобҳои алим гоҳ-гоҳ бо кӯмаки ҷӯраам Алишер бо Шаҳло ҳамсӯҳбат мешудам. Ҳушу ёдам ҳамеша бо азизи дилам банд буд ва хаёлан қасри бахт месохтам, вале… Як сол аз байн гузашту пули тӯйро кор карда ба Ватан баргаштам. Шаҳло ба пешвозам набаромад. Ин рафтораш маро ба ҳайрат овард.

Мехостам бо вай ҳамсӯҳбат шуда, сабаби аз ман дурӣ ҷустанашро фаҳмам, вале Шаҳло маро бинад, роҳашро дигар мекард. Ҷӯраҳоям асрори маҳбубаамро фош карда, гуфтанд, ки Шаҳло баъди рафтани ман бо чандин ҷавонони дигар ишқварзӣ намудааст. Дилам аз ишқу муҳаббат ва оламу одам хунук шуд. Ба Шаҳлои бевафо ва ба тақдири бадам лаънат хонда, фикри зангириро аз сар дур намудаму ҳуҷҷатҳоямро ба Консерватория супоридам. Тӯли як соли таҳсил дар ин даргоҳи ҳунар нозукиҳои касби сарояндагиро омӯхта, албоми таронаҳоямро баровардам. Акнун дар саҳнаи калон ҳунарнамоӣ мекунам ва мухлисони зиёд дорам. Духтарҳо дар атрофам парвонаанд. Шаҳлои хиёнаткор аз ошиқаш фиреб хӯрда, дубора наздам баргашт, вале гуноҳашро бахшида натавонистам.

Бо эҳтиром: муштарии 987-55-55...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД