Formula novemver 2024
Барқасди ошиқам шавҳар кардам, вале...
17.10.2024
Оила
1464

Барқасди ошиқам шавҳар кардам, вале...

Салом! Ман зани шавҳардор ва модари ду фарзанд ҳастам. Дар дил дарди ниҳоне дорам, ки маро ҳеҷ ором намегузорад. Хеле фикр карда ба хулосае омадам, ки бояд рози ниҳонамро гуфта аз шумо-хонандагони рӯзгордида маслиҳат бипурсам.

Ман замони донишҷӯиям ҷавонеро сахт дӯст медоштам. Бовар кунед, ончунон ошиқи шайдояш будам, ки зиндагии худро ҳатто як нафас бидуни дӯстдоштаам тасаввур карда наметавонистам, вале баъд фаҳмидам, ки дӯстдоштаам зану фарзанд доштааст. Ҳарчанд дӯсташ дорам ҳам, хонаи бахти як зани дигарро вайрон кардан нахоста, барқасд ба аввалин хостгоре, ки баъди фаҳмидани ин ҳақиқати талх аз дарамон даромад, ба шавҳар баромадам.

Ба бахти ман домод бачаи хуб баромад, аҳли оилаашон ҳам одамони меҳрубон ва дилсӯз буда, маро ҳурмату эҳтиром мекунанд, аммо ҳеҷ шавҳарамро дӯст дошта натавонистам. Аввалҳо худамро тасаллӣ медодам, ки шояд баъди соҳиби фарзанд гаштан дилам ба шавҳарам гарм мешавад ва ишқи нокомамро фаромӯш мекунам, лекин ин тавр нашуд. Муддати 5 сол мешавад, ки дар як болин сар мегузорем, вале то ба ҳол ман шавҳарамро дӯст намедорам.

Шавҳарам инсони хуб аст, чизе, ки хоҳам, бароям муҳайё мекунад. Намегузорад, ки ману кӯдаконам аз чизе танқисӣ кашем. Одати задан ва ҳақоратгӯйӣ надорад, тавре мегӯянд, шавҳари идеалӣ аст, вале ҳарчанд кӯшиш мекунам, дӯсташ дошта наметавонам. Ҳамчун инсон бароям писанд аст, аммо ман ҳамчун зан худро дар канори ӯ хушбахт ҳис намекунам. Эҳтимол гумон кунед, ки бо ягон марди дигар муносибат дорам ва бо ҳамин сабаб шавҳарамро дӯст намедорам, вале ин тавр нест. Дар умрам ба шавҳарам хиёнат накардаам ва карданӣ ҳам нестам, аммо зиндагии бе ишқ ба назарам мисли зиндон метобад. Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Д, М, сокини шаҳри Хуҷанд

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД