Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори барандаи телевизиони Ёшлар Захрохон Киличева, ки ҳангоми пахши мустақим якбора аз ҳуш рафтааст, паҳн шудааст.
«Дар ҳақиқат, ҳангоми пахши мустақим баранда худро бад ҳис кард. Дар натиҷа, гурӯҳи эҷодӣ маҷбур шуд пахши барномаҳоро қатъ кунад. Ба Захро Киличева ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шуд. Ҳангоми пахши барнома, дар намуди зоҳирии баранда заъфи умумӣ ва чарх задани сар мушоҳида мешуд, аммо вай кӯшиш кард, ки инро нишон надиҳад ва то сонияи охирин вазифаи худро иҷро кард, ”-ҳодисаро шарҳ дода, гуфтаанд ҳамкорони Заҳрохон Қиличева.
Ҳоло вазъи саломатии барандаи телевизион қаноатбахш буда, дигар ба саломатии ӯ чизе таҳдид намекунад.