sebiston july new
Баҳора Рӯзиева - блогери маъруф ва талқинкунандаи зебоӣ
18.08.2024
ОИЛА.ТҶ
1653

Баҳора Рӯзиева чандин сол аст, ки ба фаъолияти блогерӣ машғул аст. Ҳатто мешавад ӯро аз ҷумлаи блогерони собиқадори тоҷик номид. Бешак, ӯ маъруф аст. Миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан Инстаграм ва Тик-Ток бо наворҳои гуногунаш шинохта шудааст. Ҳоло ӯро дар Инстаграм 438 ҳазор нафар пайгирӣ карда, дар Тик-Ток бошад, 1 миллиону 400 ҳазор обуначӣ дорад.

Асосан, мавзӯи марказии саҳифаҳои Баҳора Рӯзиева тарзи ҳаёти солим ва зебоӣ аст. Ӯ бо аксу навори нашркардааш зебоиро талқин мекунад. Ҳоло чунин навъи "контент" дар Инстаграм ва Тик-Ток хеле маъруф аст ва корбарони зиёд ба чунин саҳифаҳо таваҷҷуҳ мекунанд.

Ҳамчунин, Баҳора то чанде пеш бо блогерони маъруфи тоҷик, аз ҷумла Илҳомҷон Фозилов, Мадина Ҳалимова, Азиз Рабиев ва ғайраҳо ҳамкорӣ карда, наворҳои ҳаҷвӣ таҳия менамуд. Ҳатто метавон гуфт, ки ӯ маҳз бо нашри чунин наворҳо миёни мардум шуҳратёр гардид.

Баҳора пеш аз машҳур шуданашро чунин нақл мекунад:

"Дар аввал мехостам хирург ё косметолог шавам, аммо бо сабабҳои оилавӣ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда натавонистам. Пасон, соҳаи молияро омӯхтам. Чун ман дар Русия зиндагӣ мекардам, чор сол пеш бо чанде аз блогерони тоҷик вохӯрдам ва ба қароре омадам, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шуда, саҳифаҳоямро пеш барам. Ҳамин тавр, ин роҳро интихоб кардам ва ба ин восита миёни ҷомеа шинохта шудам".

Бояд гуфт, ки Баҳора Рӯзиева чанд вақти охир пурра барои саҳифаи Инстаграмаш кор мекунад ва хеле муваффақ ҳам шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД