ИДОМААШ...
Тарси шавҳар ё аз даст додани хона?
Дар як сӯҳбатамон, ки шиносоиямонро анқариб се моҳ мешуд, Санавбар ба рафтанаш аз ман ишора кард:
- Шояд ман дигар бо шумо сӯҳбат карда натавонам.
- Чи шуд? Ҳама тинҷӣ?
- Бале, ҳамин хел гуфтам. Одамӣ... Ҳарчи шуданаш мумкин...
- Рӯи рост гап зан. Ягон мушкилӣ дорӣ?
- Росташ бале – гуфт ва ба замин нигоҳ карда идома дод – шояд шавҳарам аз Россия бар гардад.
- Баъд чӣ? Баъди ин ҳама вақт талоқи шумо содир шудааст.
- Дуруст мегӯед, аммо ман зиёд заҳмат кашида хона обод кардаам. Хонаву дарам ба номи вай касофат. Бародаронаш гуфтаанд, ки агар шаҳвр карданӣ бошад, аз хонаи бародари мо баромада равад.
- Ҳеҷ гап не. БА Душанбе меоӣ. Хона ба иҷора мегирем.
- Не охир, намешавад. Ман дар он хонаҳо зиёд заҳмат кашидамм. Чор фарзандамро ба танҳоӣ калон кардаам. Дилам намешавад.
- Бигузор! Як хона будааст.
- Ҳам падару модарам мегӯянд, ки беҳтараш падари фарзандонамро қабу кунам. Ману шумо.... шумо ниҳоят ҷавон... ин ҳама сол ман ба хотири фарзандҳоям шавҳар накардам. Акнун духтарам дар хоани шавҳараш. Бе ин ҳам аз пушти падарашон кӯдаконам зиёд таъна шунавидаанд. Боз ҳамин намерасид, ки ба духтарам гӯянд модараш баъд аз ӯ шавҳар кардаву ба ошиқӣ пардохтааст.
- Санавбар ту чиҳо мегӯӣ?
- Ҳақиқатро мегӯям... Кош мо 20 сол пеш ҳамдигарро во мехӯрдем ва ба ҳамдигар мерасидем. На дарду азоба медидаму на аз овозаи мардум метарсидам...
- Чӣ? 20 сол пеш – бо ханда гуфтам ман – 20 сол пеш ман кӯдак будаму дар кӯчаҳо хокбозӣ мекардам. Ту он лаҳза маро дидан мехостӣ?
Аз ин пас ӯ кӯшиш мекард аз ман фосила гирад. Албатта барои худаш ҳам душвор буд. Вале медонистам, ки ин танҳо сабаби ҷудогии мо нест.
Намир...!
Панҷуми апрел буд... Соати чору сӣ дақиқаи субҳ ба ман аз ӯ паёмак омад: “Нафасам мегирад... Мемирам... Маро бубахш! Шодӣ ҷонамро даст бигир”
Ин паёмакро ман соати 8-9-и субҳ хондаам. Чи гуфтанамро намедонистам. Худоро зорӣ мекардам, ки ин бор ҳам шӯхиҳои бенамаки Ҳусния бошанд... Даҳ-понздаҳ бор ба телефони дастии Санавбар занг задам. Касе ҷавоб намедод. Билохира Суман бардошт ва гуфт, ки тағоҳояш омада ӯро бурдаанд. Аз Суман хоҳиш кардам, ки кадом беморхона бурданашро муайян карда, ба ман хабар диҳад. Аммо намедонам шояд аз шарм буд, ки ӯ дигар ба ман занг назад ва воқеаро ман дертар аз забони Санавбар худаш фаҳмидам.
Вале ин бор ҳазл набуд... Субҳи содиқ бародаронаш аз дарди зиёд ӯро ба беморхонаи марказии Ҳисор бурдаанд. Духтурон ҷиддӣ будани маразро фаҳмиданд, аммо дақиқан чи беморист фаҳмида натавонистанд ва онҳоро ба Душанбе равон карданд. Дар Душанбе духтурон ба ӯ доруҳои карахткунанда ва таскинбахш доданд, лек чи касал буданашро нагуфтанд. Худи ҳамон рӯз гашта ба хонаашон рафтанд. Вақте бародараш ба берун баромад ва хатҳои духтурро дар хона фаромӯш кард, Санавбар онҳоро гирифта хонд... Худаш ки духтур аст, барояш фаҳмидан душвор набуд, ки ӯ гирифтори саратони мағз шудааст.
Баробари каме ҳолаш беҳ шудан, ба ман занг зад ва ин хабари шумро расонд. Мехостам бовар накунам, аммо ҳамагӣ як рӯз пеш аз бемор шуданаш мо дар боғи Ғалаба вохӯрда будем. Чанд бор, гӯё пешпо хӯрда бошад, қариб ки меафтод. Ҳатто назди театри лухтак ба зону ҳам афтод. Ман дасташро мегирифтаму ҷое менишондам... Акнун зиндагӣ барояи сахт гардид. Агар Санавбарамро аз чанголи шавҳараш ҳам раҳо мекардам, назди аҷал дастбастаам. Чизе нагуфтам. Забон, ки аз ҳарф гуфтан монд, чашмон ашк резонданд... Санавбар бошад ба оташ равған мерехт:
- Агар мурдам, мард бош, омада аз як гӯшаи тобутам бигир. Ба фарзандонам дилдорӣ деҳ, аз онҳо хабар бигир. Баъди дафнам омада болои қабрам “Санавбари нокомам” бигӯ...
Ҳеҷ чиз наметавонист маро хушҳол созад. Аввало ки умуман дар сарам фикри ӯро аз даст додан набуд, аммо баъдтар ки гап сари бар гаштани шавҳар ва тарси аз даст додани хонае, ки солҳо бар ивази ҷавонияш таъмиру тармимаш кардааст, мерафт, ин ҳама сахт набуд. Бигузор ҳатто аз ман набошад, аммо куҷое як гӯшаи дунё бошад ва ман бидонам, ки солим аст ва ҳанӯз ҳам як кунҷаки лабаш табассум боқӣ мондааст. Лек фикри ин ки ӯ маро ва фарзандонашро раҳо карда, як бора фаришта мешавад, инро дар худ ҳазм карда наметавонистам.
Ба мисли ношиносе рав!
Рӯзи Душанбе дар ҷои кор барои сигоркашӣ ба пешдолон баромадаму сурудашро монда гӯш кардам. Охир гоҳ-гоҳ барои ҳамдигар суруд мехондем. Ҳатто боре ба ӯ пешниҳоди хондани дуэтро карда будам. Албатта тариқи телефон мехондем, аммо барои сабташ ӯ розӣ намешуд. Садои зебое дорад, аммо ҳеҷ гоҳ ин ҳама эҳсосотӣ нашуда будам, ҳатто аз чашмонам ашк рехт. Садои замзамааш гӯё аз телефон набуд, балки зинда месуруд. Ким чизеро медонистагӣ барин, чанде пеш бароям суруде фиристода буд:
Агар рузе маро дар гӯшае дидӣ,
Садоямро зи дуриҳо ту бишнидӣ,
Ба мисли ношиносе рав.
Бидуни пурсу посе рав.
Суруди дигараш на танҳо аз ҷудогӣ, балки аз марг мегуфт. Шояд ӯ маро фиреб кард. Шояд аз аввал бемор буданашро медонист. Ё чунин сурудҳои ҳузнангез хондаашро сабаб дарду ранҷ ва машақати зиёди дар зиндагӣ кашидааш буд.
Рӯзе равам аз дунё,
Дунёи маро ёбед.
Дар хок шавам пинҳон,
Пайдои маро ёбед.
Дар дашту даман рафтам,
Дар хоки Ватан рафтам.
Дарёи равон будам,
Маҷрои маро ёбед.
Бе ҷою ба ҷо гуфтам,
Аз меҳру вафо гуфтам.
Дар маҳфили ҳар ошиқ,
Иншои маро ёбед.
ДАВОМ ДОРАД...