Шаҳрванди Тоҷикистон Баҳодур Зуҳуровро дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия барои шарҳ навиштан дастгир намудаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"-и Маскавро дастгирӣ кардааст.
Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 27-уми март хабар дод, ки бар зидди Баҳодур Зуҳуров ба иттиҳоми "даъвати оммавӣ ба фаъолияти террористӣ, сафедкунии оммавии терроризм ва ё таблиғи терроризм" парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.
Ба гуфти муфаттишон, вай дар телеграм видеои ҳамларо ба "Крокус Сити Холл"-и Маскав нашр кардааст, ки дар зери он чанд шарҳ ҳаст, ки ҳамчун “сафедкунии терроризм” арзёбӣ мешавад, вале кадоме аз онҳоро Баҳодур Зуҳуров навиштааст, маълум нест.
Баҳодур Зуҳуров 26-сола буда, барои комментарияи навиштааш ба ин ҷавони тоҷик то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.