Дирӯз, 22-юми июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мусобиқаи “Шоми бокс” баргузор гардид. Дар ин мусобиқа як қатор муштзанҳои кишвари мо ба ринг баромада, бо рақибони худ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон мубориза бурданд.
Варзишгари тоҷик Дамир Муйлабхонов дар рақобати аввали касбӣ бо Гиорги Капандазе аз Гурҷистн мусовӣ намуд. Хушбахтона, Акмал Убайдов бо қарори якдилонаи доварон ба Тайфур Алиев аз Озарбойҷон ғалаба ба даст овард. Некрӯз Салимов низ маҳорати хуб нишон дода, ба Абдулазиз Абдупаттаев аз кишвари ҳамсоя - Ӯзбекистон зафар ёфт.
Парчамбардори кишвар Баҳодур Усмонов бо варзишгар аз Камерун Кристофер Муафо рақобат карда, унвони қаҳрамонии IBA-PRO intercontinental-ро ҳимоя кард. Дар навбати дигар медалдори бозиҳои олимпӣ Давлат Болтаев дар раунди аввал Соломон Андебайро нокаут карда, унвони қаҳрамонии IBA-PRO intercontinental-ро соҳиб шуд.
Ёдовар мешавем, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мусобиқаи ”Шоми бокс” ба ҳайси меҳмони фахрӣ ҳузур доштанд.