Тоҷикони тоҷикозорро дастгир карданд
Дар шаҳри Қазон як гурӯҳи 5 нафараи тоҷиконро, ки бо роҳзанию зӯроварӣ нисбати ҳаммиллатони худ ва озор додани тоҷикони дар ғурбат қарор дошта машғул будаанд, дастгир карданд.
Аъзоёни ин гурӯҳи ҷиноӣ аз 28 то 58 сол дошта, бо роҳи таҳдид ва зӯрӣ аз тоҷикони дигари дар Тотористон машғули кору фаъолият буда, маблағҳои калон мерӯёнидаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тотористон, аъзоёни ин гурӯҳи мутташакил дар рафти як амалиёти махсус, ки ба он қувваҳои ОБОП, УФСБ, СОБР, ОМОН ва «ГРОМ” сафарбар карда шуда буданд, дастгир карда шуда, гурӯҳи мазкур муддати 5 сол боз бо роҳзанию ҳақситонӣ ва озори тоҷикон машғул будааст.
Падару писар Холмурод ва Луқмонҷон Мирзоевҳо дар ҳамдастӣ бо Фаррухҷон Султонов ва Султонҷон Султонов ба ҷойи он ки дар ғурбат аз ҳамдиёрони худ дифоъ намоянд, баръакс ба озор додани тоҷикон дар Тотористон машғул шуда, аз бачаҳои тоҷик, ки бо тиҷорат машғул буданд, бо таҳдиду зӯроварӣ маблағҳои ҳангуфт мерӯёнидаанд. Мувофиқи маълумоти тафтишоти пешакӣ роҳбарии ин гурӯҳи ҷиноиро Алишер Мавлонов бар дӯш доштааст, ки муассиси ширкати «Сатурн-Сервис» мебошад. Суроғаи ширкати мазкур бо автосалони “UZ-Daewoo” дар шоҳроҳи Аметьевский мувофиқат намуда, мегӯяд Алишер Мавлонов соҳиби ин автосалон мебошад ва аз соли 2013 инҷониб даромади ширкат 100 % ба киссаи ҳамин шахс меравад.
Айни замон чанд далели аъмоли ҷиноии ин “банда”-и тоҷикӣ рӯи об баромада, аъзоёни гурӯҳ бо таҳдиди куштори аҳли хонаводааш аз як соҳибкори тоҷик, ки бо хариду фурӯши хушкмева машғул будааст, беш аз 10 миллион рубл ситонидаанд.
Бо ҳамин усул аъзоёни ин гурӯҳи мутташакил аз як тоҷири дигари тоҷик барои ҳал кардани моҷарои парвандаи ҷиноии нисбаташ бозшуда, ки дар асл вуҷуд надоштааст, 300 ҳазор рубл ситонида, баъдан аз бародари ӯ низ 300 ҳазор рубл талаб карда гирифтаанд. Тоҷики дигареро аъзоёни ин гурӯҳ барои қарзе, ки дар асл вуҷуд надошт, ба ғуломи меҳнатӣ табдил дода, маҷбур кардаанд, ки дар бӯстонсарояшон бе пул кор кунад. Ҷавони мусофир муддати мадид корҳои вазнини сохтмониро анҷом дода бошад ҳам, қарз аз гарданаш соқит нашудааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки барои тарсонидани ҷабрдидагон аъзоёни гурӯҳ онҳоро ба ҷангал бурда, беҳармона лату кӯб мекардаанд, то фаҳманд, ки шӯхӣ намекунанд.
Акнун аъзоёни ин “бандаи”-и тоҷикӣ барои ранҷу озор додан ва ғорат кардани ҳаммиллатони худ дар Қазон дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт. Нисбати аъзоёни ин гурӯҳи 5 нафара бо қисми 4-и моддаи 159-и Кодекси Ҷиноятии Русия («Қаллобӣ аз ҷониби гурӯҳи мутташакил) ва қисми 3-и моддаи 163 кодекси мазкур («Тамаъҷӯӣ аз ҷониби гурӯҳи мутташакил) парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст.
Аҳли гурӯҳ аз ҷониби суди Вахитовский ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, кормандони мақомоти тафтишотӣ ба варақ задани саҳифаҳои дигари китоби ҷиноятҳои ин “банда”-и тоҷикӣ машғуланд.