Arzon march 2024
Бахтигул аз рашк аввал 3 фарзандаш, баъд худро аз ошёнаи 9-ум партофт!
2277

 

Азроил дар симои модар

Фарзанди калонии Бахтигул ҳамагӣ шаш сол дошт, духтарчаи дуюмаш панҷсола буда, хурдӣ ҳанӯз дуюмнимсола ҳам нашуда буд. Ҷигарбандони маъсуми Бахтинисо мисли тамоми кӯдакон дар симои модари худ фариштаи меҳрубонеро медиданд, ки дар тамоми пастиву баландиҳои ҳаёт ғамхору мададгорашон аст, аммо...

Зане, ки онҳоро ба дунё оварда, номи пуршарафи МОДАР-ро дошт, дар як лаҳза ба Аҳриман табдил ёфта, бо қаҳру ғазаб аввал пай дар пай дар ду духтарчаи калонӣ ва сонӣ писарчаи дуюнимсолаашро аз ошёнаи 9-ум ба замин ҳаво дод. Пас аз ба қатл расонидани фарзандонаш Бахтигул бо чашмони пуроб худро аз тиреза партофт.

Чаро ин зани ҷавону зебо на ба ҷони худ раҳм карду на ба ҷони бачаҳои хурдсолаш? Бахтигулро чӣ маҷбур намуд, ки худ ва фарзандонашро бо чунин тарзи ваҳшиёна ба ҳалокат расонад?

Биёед, дафтари зиндагии ин зани фарзандкушро ҳамроҳ варақ мезанем.

 

Ғарибӣ кӯйи сахт аст

Бахтигул ҳамагӣ 28-сол дошта, ҳамроҳи шавҳараш Нурсултон бо умеди чашидани шаҳди бахт аз Туркманистон ба шаҳри Алма-атои Қазоқистон рафтааст, аммо ба ҷойи хушбахтӣ дар мулки ғурбат танҳо дарду ранҷу азобҳои беҳисоб насибаш мегардад. Аз як тараф дурии падару модар, хоҳару бародар ва хешу ақрабову дарди ҷигасӯзи ғарибӣ, аз ҷониби дигар найрангҳои шавҳари беандешааш ба дили ҷавонзан мисли теғ мехалиданд. Бахтигул дар мулки бегона бе пушту паноҳ монда буд ва ягон дӯсти ғамхоре надошт, ки ақаллан дарду аламҳои дилашро ба ӯ гуфта, каме ҳам бошад, сабук шавад...

Дод аз дасти марди беандеша!

Аз рӯйи нақли ҳамсояҳо, шавҳари Бахтигул бисёр марди золим, айёш ва беандеша буда, тамоми маблағи ба даст меовардаашро сарфи айшу ишрати худ менамудааст. Ин марди беандеша бар замми ба хона ягон тин наоварданаш боз қимарбозӣ карда, пули калон қрздор мешавад. Бахтигули сарсахт ба хотири аз гирдоби қарзу қавола халс кардани падари фарзандонаш аз бонк маблағи калон қарз мегирад, вале баъдан худаш ба гирдоби мушкилиҳои зиёде гирифтор шуда, қарзи бонкро баргардонида наметавонад. Албатта қарздор шудан дарди сахт аст, вале сабаби асосии даст ба фарзандкушию худкушӣ задани зан тамоман дигар аст.

Найрангҳои марди булҳавас

Шахсоне, ки сирру асрори зиндагии ин хонавода хуб бохабар буданд, мегӯянд, Нурсултон бар замми бекорхӯҷагию қиморбозиаш боз як одати бади дигар дошт-духтарбозӣ мекард. Вай мудом аз паси зану духтарони бегона давида, ба ҳамсар ва фарзандони худаш тамоман аҳамият намедод. Бахтигул мудом дар хизмати шавҳар бошад ҳам, аз забони падари бачаҳояш як ҳарфи хуш намешунид. Мабодо баландтар гап занад, шавҳараш ӯро зери мушту лагад гирифта, бераҳмона лату кӯб мекард...

Занги тақдирсӯзи маъшуқаи шаттоҳ

Ба гуфти ҳамсояҳо яке аз маъшуқаҳои Нурсултон мудом ба хонааш занг зада, бо гапҳои нешдор ва таҳқиромези худ ба рӯйи захми дили Бахтигул намак мепошидааст. Ин зани бе шарму ҳаё қасдан тамоми муносибатҳои худро бо шавҳари Бахтигул бо хурдтарин ҷузъиёташ ба зани хиёнатдида қисса карда, ба ҳоли вай механдидааст, ки шавҳарат туро писанд накарда, мудом дар оғӯши гарми ман аст. Оташи рашк дар вуҷуди зан рӯз то рӯз бештар аланга мезад, маъшуқаи шаттоҳи шавҳараш бошад, ҳар рӯз ба хонаи вай занг зада, ба болои гулхани рашки Бахтигул бензин мепошид...

Рашк занро то фарзандкушӣ расонд

Билохира, оташи сӯзони рашк он қадар дар дили Бахтигули сарсахт аланга гирифт, ки сабру қарорро аз даст дода ба қавле “девона” шуд. Ҷавонзани аламзада ба хотири интиқом гирифтан аз шавҳари номард ва носипосаш худ ва фарзандонашро ба марг маҳкум намуда, аввал ду фарзанди калонӣ-духтарчаҳои шаш ва панҷсолаашро аз ошёнаи 9-ум ба замин ҳаво дод, баъд писарчаи дуюмнимсолаашро партофт ва дар охир даст ба худкушӣ зада, думболи фарзандонаш бо дидагони пуроб худро ба замин партофт. Бахтигул ва духтарчаҳояш барбари аз ошёнаи 9-ум ба заимн афтидан ба ҳалокат расидаанд, писарчааш бошад, дар роҳ ба сӯйи беморхона ҷон дод.

Номаи пеш аз марг

Аз манзили ин зани фарзандкуш номаи пурасроре ёфт шудааст, ки Бахтигули ноком онро пеш аз маргаш навишааст. Дар ин номаи пурдард, ки пур аз доғҳои ашки сӯзон аст, чунин навишта шудааст:

“Дигар зиндагӣ кардан намехоҳам. Сабаби худкушию фарзандкушии маро касе, ки моро то ба ин ҳол расонд, хуб медонад!”  

Занро ба худкушию фарзандкушӣмаҷбур насозед, мардҳо!

Ҳамин тавр бо гуноҳи як марди беандешаи қиморбозу хиёнаткор боз як зани дигар худро ба гирдоби гуноҳ ғӯттавар сохта, бо дасти худаш риштаи ҷони се фарзанди нозанинашро барканд ва билохира даст ба худкушӣ зад.

Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД