Мегўянд, ки ба муъҷиза бовар намоӣ, Худованд онро ба ту муяссар мегардонад. Ҳар гоҳе омад-омади соли нав шавад, ҳодисае ба хотирам мерасад, ки ҳаёти маро пурра дигаргун намуд ва ҳама хушбахтиҳои имрўзам ба шарофати муъҷизаи он рўз аст.
Аз падару модар барвақт ятим мондаму дар тарбияи холаам ба воя расидам. Дар суруди халқие мегўянд, ки “хола ба ҷойи модар аст”, вале дар асл чунин набудааст. Ман кўрнамак мешавам, агар холаамро бад бигўям, ҳарчанд бо азоби зор, меҳнату машаққат бошад ҳам, як пораи нонро дар хонадони онҳо ёфта мехўрдам. Холаам ду писару ду духтар дошт ва ман хизматгори онҳо будам, аз рўзе, ки худро мешинохтам, шабу рўз меҳнат мекардам. Субҳи барвақт аз хоб мехестам, кўдакони холаам то кай хоҳанд, хоб мерафтанд, ман бошам, ҳавлӣ мерӯфтам, дастархон меандохтам, хонаву дарро тамиз мекардам. Холаам танҳо наҳорӣ тайёр мекард, дигар тамоми ташвишҳо ба сари ман бор буд. Фарзандони холаам пайи ҳам мактабхон шуданду ташвиши дигар ба сарам бор шуд. Маро аз синфи нўҳ аз мактаб гирифтанд, ҳарчанд донишам хуб буд. Хешони тарафи падарам бо ман умуман гап намезаданд, бибиву бобоям низ барвақт вафот карда буданду тағоҳоям ба ман чун бегона муносибат мекарданд. Ягона пушту паноҳи ман дар зиндагӣ язнаам - шавҳари холаам буд, ки бо падарам ҳамсинфу ҷўра будаанд дар вақташ. Аз рўйи нақли холаам, вақте волидонам аз дуди ангишт заҳролуд шуда мегузаранд, маро болопўши гаҳвораам аз марг наҷот медиҳад. Ягон кас мани сағираро ба гардан намегирад, ҳамин язнаам холаамро маҷбур мекунад, ки маро ба фарзандӣ қабул карда, қатори писараш, ки як сол аз ман хурд аст, калон кунад. Ман ҳам язнаамро ба фарзандонаш тақлид карда, додо мегуфтам ва хеле дўсташ медоштам. Ӯ агроном буду умраш дар кор мегузашт, аз азобҳои ман тамоман огаҳӣ надошт, ҳамеша холаамро таъкид мекард, ки бо ман меҳрубон бошад. Холаам дар ҷавоб хуб мегуфт, вале кори худашро мекард…
Хостгорони зиёд доштам, аммо холаам бо духтаронаш аз хидматгори беминнат ҷудо шуданӣ набуданд, вале зиндагӣ гардишҳои худро дорад. Ба хоҷагии мо барои санҷиш як ҷавони зебое аз пойтахт омад, ситорааш бо ситораи язнаам рост гирифту зуд-зуд ба хонаи мо меомад. Ҷамил дар хонаи бачаҳо ба воя расида будааст, синнаш аз 30 гузашта бошад ҳам, то ҳол безан буд. Аз модаркалонаш барояш хонаи меросӣ доштаасту он ҷо зиндагӣ мекардааст. Язнаам ба нею нестон ва гиряву фиғони холаам нигоҳ накарда, аз пули худашон тўй карда, дасти маро ба дасти Ҷамил доданду моро ба пойтахт гусел карданд. Ман аз шарм ба рўйи шавҳарам нигоҳ намекардам, ў ҳам дар роҳи дарози байни ноҳияи мо ва пойтахт ҳарфе ба забон наовард. Ман дар як сумка ду-се куртаи обшўстаи кўҳнаамро гирифта будаму халос, ҷиҳози арўсиям ҳамин буд. Дар тӯли умри нўздаҳсолаам бори аввал ба шаҳр омадаму аз шаҳомати он дар дилам ларза афтод.
Ҷамил бо меҳрубонӣ як корро ба ман сад бор мефаҳмонд ва ман ба зиндагии шаҳр омўхта шудаму ба ҳамсарам дил бастам. Ҳамсарам маро ба омўзишгоҳи омўзгорӣ, пасон ба донишгоҳи омўзгорӣ дохил кард, соҳиби маълумоти олӣ ва як зани шаҳрӣ шудам. Дар боғчаи бачаҳо ба ҳайси мураббия кор мекардам, аввалҳо ба деҳа мерафтам, баъди се соли тўйи мо язнаам вафот карду ман поямро аз деҳа кандам, зеро он ҷо дилкашолие надоштам. Ҷамил ягон хешу табор надошт ва дўстону ҳамкорон хешу табори мо буданд, даҳ сол аз зиндагии оилавиямон паси сар шуду мо соҳиби фарзанд намешудем. Табобатҳои гирифтаамон ҳама бесуд…
САМИРА
Таснифи Рухсора Саид