arzon replenishment
БАХТАТРО ДАР ҶОЙИ ДИГАР БИҶӮЙ ГУФТУ...
02.03.2021
Р. Азимӣ
4660

Салом «Оила»! Ман як тан хонандаи доимии саҳифаи розу ниёзи ошиқона ҳастам.

Мақсади хома ба даст гирифтанам он аст, ки дар роҳи ишқ сарсону саргардон гаштааму ба маслиҳат ниёз дорам. Умар ном ҷавонеро дӯст медоштам. Хушбахти олам тасаввур мекардам худро бо Умар, вале хурсандиву ушбахтии мани сода дер давом накард. Умарам марди дурӯяву ҳиллабоз баромад. Мани бехабар аз найрангҳои мардон аз суханҳои дурӯғини Умар марвориди ишқ мехостаму фикри оиладоршавиро дар дили орзупарварам ҷой мекардам. Рӯзе Умарам занг зада гуфт: «Ҳангома, ту ба ман зан шудаю оилаи хуб обод карда наметавонӣ! Ман ба хулосае омадам, ки бо ту хушбахт намешавам. Маро бубахшу бахтатро дар ҷойи дигар биҷӯй!» ва ба ман имкони гапзанӣ надода телефонро хомӯш кард. Дар ҷоям шах шуда мондам. Хуни дил аз дида рехтам барои ишқи поймолгаштаам. Ғаму фикру хаёл маро оқибат аз ақл бегона намуд. Ман дигар дар ин дунё зистан намехоҳам!

Агар боди сабо пайдо намешуд,
Даҳони ғунчаи гул во намешуд.
Агар Лайлиро медодан ба Маҷнун,
Дар олам ошиқӣ расво намешуд.
Ошиқи дилшикаста Ҳангома

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Oshiqi MODARAM 🩶 2023-05-20, 23:17
Дар ҷаҳон мардони пасту разил вале бо ору номусаш ҳам ҳаст хоҳари азиз шумо ҳоло ҷавоне Худо медонад шояд дар оянда шахсе пайдо мешавад ки аз Умар дида шуморо зиёд дӯст медорад ҳурмату эҳтиром менамояд мо духтарон бояд писаронро аввал омузем тарзи зиндагӣ феъл рафтор баъд орзу ва ҳаваси хонадоршави намоем барои як номард худро ҳайф нанамо ба худат бовар кун ки ту лоиқ беҳтарин зиндагӣ ва ҳамсари меҳрубон ҳасти ту дар имтиҳони зиндагӣ ҳасти ва бояд САБР намои меваи САБР басо ширин аст ман бовар дорам ки Худованд баъд аз ин имтиҳон ба шумо зиндагии гуворо ато мекунад БА ЗИДАГИ ВА ТАҚДИРИ ДОДАИ ХУДОВАНД ШУКР КУН ИНШОАЛЛОҲ ҲАМААШ ХУБ МЕШАВАД'
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД