Formula novemver 2024
БАХТ АЗ ПАРТОВГОҲ (ҚИСМИ 2)
29.01.2021
Дилошуб
5426

ИДОМААШ...

Ёдгору Маша бошанд дар Маскав дар гирди писараки азизашон парвона буданд ва ӯро бо нозукиҳои зиёд парвариш мекарданд…

Кашиши хун

Фаёз қад кашида ҷавони зебое шуд. Вай касби волидонашро пеша карда, ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд. Онҳо мисли пешин зуд-зуд ба Тоҷикистон рафта омада наметавонистанд, зеро ҷанги шаҳрвандӣ сар зада, вазъият бисёр ноором буд. Падару модараш аз ин ғусса мехӯрданд, худи ҷавон низ амаку янгаи меҳрубонаш ва фарзандони онҳоро тез-тез ба ёд оварда, дилаш гум мезад…      

Мусибату ғам

Ёдгор ҳамеша ёди бародар карда, аз бехабарӣ аз авҳоли онҳо ғам мехӯрд ва оқибат ба дарди дил гирифтор шуд. Ҳар саҳар зану шавҳар якҷоя ба кор мерафтанд. Мошинро асосан Ёдгор меронд. Як рӯз дар сари чамбарак авҳоли ӯ якбора бад шуд ва мошин аз роҳ баромада, ба девори бетоние бархурда, таркид…

Марги волидонаш Фаёзро аз зиндагӣ дилсард намуд. Дар лаҳзаҳои душвори умраш ҳамсабақаш Света ҳамеша дар бараш буд, ҳамин буд, ки ҷавон бо ин духтараки зардинамӯй оҳиста-оҳисту хӯ гирифт. Баъди додани соли волидонаш Фаёзу Света зиндагии якҷояро оғоз карданд. Света дар як клиникаи шахсӣ кор мекард, Фаёз бошад, дар беморхонаи давлатӣ. Онҳо мисли Ромео ва Ҷулета мафтуну шайдои ҳамдигар буданд, аммо…

Ишқи пул

Оҳиста-оҳиста хулқу хӯйи Света дигар шудан гирифт. Акнун ӯ аз шавҳараш пӯстини қимматбаҳо, мошин ва тиллою танга талаб мекард. Фаёз, ки бо «Волга»-и куҳнаи падараш ба кор рафта меомаду маошаш ба хоҳишҳои ҳамсараш расидагӣ намекард, ҳамеша Светаро ба сабр кардан даъват менамуд, аммо зан ӯро таънаю маломат карда, садҳо бор пушаймонӣ изҳор менамуд, ки чаро ба Фаёз расидааст. Фаёз бо азобе худро ба даст гирифта, хомӯшона ба хонаи хобаш медаромад, чунки занашро бисёр дӯст медошт ва намехост гапи сахт зада, хотири Светаро озурда созад...

Шарти зани ношукр

Фаёз ҳеҷ гоҳ аз занаш намепурсид, ки чанд пул маош мегирӣ ё пулатро ба чӣ сарф мекунӣ. Света бисёр зебо либос мепӯшид, вай чанд пустини қиматбаҳо ҳам дошт, аммо фикри мошин гирифтан ҳеҷ оромаш намегузошт. Чанд бор ҷавонмард аз ҳамсараш хоҳиш кард, ки барои ӯ писар таваллуд кунад, аммо Света лабашро каҷ карда мегуфт:

-Барои кадом меросат, меросхӯр мехоҳӣ? Барои «Волга»-и падарат? Ниҳоят тоқати Фаёз тоқ шуд ва як рӯз дар сари ҷанҷолашон якбора «кафида» дод зад:

-Мебахшед хонум, падару модари шумо то ҳол дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, хайрият, ки СССР пош хӯрду ҳамон як хоначаи вайронаи хобгоҳро хусусӣ карда гирифтанд. Падару модари ман дар маркази Маскав панҷҳуҷрагӣ, берун аз шаҳр бӯстонсаро доранд, ин ҳам давлати анча нест…

-Ин барои шумо тоҷикон давлат ба ҳисоб меравад, чунки мисли шабушк ҳар сол зоидан мегиред. Ман зиндагии аз падару модаронамон беҳтарро мехоҳам,- барошуфт Света,-агар бароям мошини қимматбаҳои хориҷӣ харида диҳӣ, таваллуд мекунам, нахарӣ, писарро дар хоби шабат ҳам намебинӣ. Хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ чор тарафат қибла!

Пас аз ҳамин моҷаро Файёз як сменаи дигар кор гирифт, то Светаи ба ишқи пулу мол афтидаро камтар бубинад…

Хиёнат

Як шаб дар ҷойи кор Фаёз сахт таб кард ва духтури ҳамкораш ба ӯ сӯзандорӯ гузаронд. Сардухтур, ки ин ҷавонмарди орӣ аз одатҳои бадро хеле дӯст медошт, аҳволи ӯро дида гуфт:

-Фаёз Ёдгорович, шумо дишаб бехобӣ кашидед. Хезед, хонаатон рафта, нағзакак дам гиред. Ба шумо як рӯз ҷавоб, хоб карда хуб дам гиред ва рӯзи дигар ба кор бароед. Ин табу беҳолиатон ҳамааш аз бехобӣ аст. Фаёз ба ақрабак нигарист, соат аллакай аз як гузашта буд. Вай ба поён фаромада ба мошинаш нишаст ва ба аспи оҳанинаш муроҷиат намуда, навозишкорона гуфт: Канӣ «мӯйсафед», ба пеш!

Вай мошинро ба гараж дароварда, ба манзилаш баромад ва дарро бо калиди худаш кушода, вориди хона гашт. Ҳанӯз дар роҳрав ба димоғаш бӯи тунди шароб ва сигор расид. Ёдгор чароғи даҳлезро равшан кард, таҳпӯшҳои занона ва куртаю брюки мардона дар рӯйи фарш бетартибона партофта шуда буданд. Вай рӯ-рӯи либосҳо қадам зада ба хонаи хоб даромад ва шоҳиди манзараи нангине гашт-ҳамсараш Света лучи модарзод дар оғӯши марди ғулидамӯе мехобид. Фаёз худашро дошта натавониста, муште ба рӯйи мард зад….

Ҷанги онҳо дер давом накард, зеро кампири ҳамсоя пулисро даъват намудаасту онҳо зуд расида омаданд. Светаи хиёнаткор худаш аз хона баромада рафт ва ду рӯз пас ҳамроҳи оишиқаш ба Исроил парвоз кард…

Захми дил

Фаёз чанд моҳ дар ҳолати шадиди руҳӣ қарор дошт. Танҳо ошноҳои падараш ӯро дастгирӣ менамуданд, аз хешу табори модарияш, танҳо як холааш монда буд, вале духтараш ӯро ҳамроҳи худ ба Амрико бурд. Бонувони зиёде дар атрофи ин ҷавонмарди зебою номдор парвона буданд, вале дили Фаёз аз зоти зан монда буд. Света ишқу муҳаббати чандинсолаашро пушти по зада, дили ҷавонмардро аз зиндагӣ ва аз ҷинси зан сард гардонда буд…        

Бозёфт

Фаёз худаш хонаву дарашро тамиз мекард, хӯрок мепухт, либос мешӯст. Ӯ пулашро сарфа мекард, то баъди каме ором шудани вазъ ба Тоҷикистон рафта, аз амаку амакбачаҳояш дараке ёбад. Як шаб то дер хонаву дарашро тоза карда, партовҳояшро дар ду халтаи калон андохт. Саҳар чун ҳарвақта наҳорӣ карда, хеле барвақт ба кор роҳакӣ шуд, зеро бо равшан шудани рӯз танбашавӣ сар шуда, ба кор дер мекард. Дар берун барф беист меборид, ҳаво торик буду як-як ситораҳо медурахшиданд. Фаёз «мӯйсафед»-ашро каме гарм карда, сари чамбарак нишаст ва андак роҳро тай карда, мошинро нигаҳ дошт. Вай халтаҳои пур аз партовро аз мошинаш гирифта, хост ба қуттии партов партояд. Ҳамин вақт чашмаш ба сиёҳие афтид, ки зери барф меҷунбид. Хаёл кард, ки саг ё гурбаи дайдуест, аммо сиёҳӣ одамвор нолиш мекард. Фаёз наздиктар рафта дид, ки зане дар хуну халаф олуда миёни барфтуда меҷунбаду бо забони тоҷикӣ «очаҷон, мемурам» мегӯяд. Ҷавонмард дигар андешае накарда, зуд занро рӯйи дастонаш бардошт ва ба мошин шинонда ба хона овард. Ҷавонзан беҳушу беёд буд, вале гоҳ-гоҳ паст-паст нолиши талх мекард. Фаёз, ки духтур буд, пеш аз ҳама хуну халафашро бо пахтаю спир тоза кард, то ягон инфексия ба ҷисми зан роҳ ёфта, аҳволаш боз ҳам вазнинтар нашавад. Андоми нозуки ҷавонзан ягон ободӣ надошт. Фаёз баъди шӯстану бастани захмҳо ба ҷойи кораш телефон карда, якрӯза ҷавоб гирифт ва ба бадани ҷавонзан доруҳои қувватбахш гузаронд. Соатҳои дувоздаҳ ҷавонзан, ки тақрибан 20-25 сол дошт ба ҳуш омад ва бо забони шикастаи русӣ пурсид:

-Ман дар куҷоям?

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД