goodwell
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар дипломатия ҳамоиш доир гардид
26.06.2026
Oila.tj
74

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар дипломатия, ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст, дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ҳамоиш ба масъалаҳои густариши иштироки занон дар хизмати дипломатӣ ва пешбурди равиши фарогир дар муносибатҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Иштирокдорон оид ба аҳамияти саҳми занон дар рушди дипломатияи муосир, нақши онҳо дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ҳифзи сулҳ ва пешбурди рушди устувор ибрози назар намудаанд.

Гуфта шудааст, ки густариши иштироки занон дар раванди қабули қарорҳо дар ҳамаи сатҳҳо омили муҳими баланд бардоштани самаранокӣ ва устувории ниҳодҳои байналмилалӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД