goodwell
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол “Ҷоми Истиқлол” баргузор мегардад
08.05.2026
Oila.tj
40

Бо ташаббуси роҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” бахшида ба ҷашни Рӯзи ҷаҳонии футбол Мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон - “Ҷоми Истиқлол” баргузор мегардад.

Дар ин бора ТВ “Варзиш” бо истинод ба дафтари матбуотии тими шаҳри Душанбе хабар дода, афзуд, ки аз 19 то 25-уми май Академияи “Истиқлол” дар дараи Алмосӣ маркази ҷалби бозигарони навраси боистеъдод аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Дар ин мусобиқа Академияҳои футболи минтақа - “Дордой” (Қирғизистон), “Астана” ва “Қайрат” (Қазоқистон), “Бунёдкор” (Ӯзбекистон), инчунин мизбонони мусобиқа - “Истиқлол” ва мактабҳои футболи «Динамо”, “Ювентус” ва “Бохтар Сити” аз Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД