Субҳонқулов Бафоқул Амонқулович, сокини деҳаи Ревади ноҳияи Айнии вилояти Суғд буда, мисли дигар мардони тоҷик ба хотири дарёфти ризқу рӯзии зану фарзанд ва аҳли хонаводааш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ оварда буд.
Бафоқул Субҳонқулов 52-сола буда, дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия кор мекардааст, вале баъди чанд муддат ин муҳоҷири тоҷик бе ному нишон мегардад. Бори охир Бафоқулро дар вокзали Қазон (Казанский Вакзал)-и шаҳри Москва дидаанд.
Аз тамоми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хоҳиш мекунем, ки агар касе Бафоқул Субҳонқуловро дар ҷое дида бошад ё дар борааш маълумоте дошта бошад, ҳатман ба рақамҳои зер, ки ВОТСАП доранд, занг зада, ба пайвандонаш хабар диҳад: 992-917-99-98-28