Баъди ман гиряи беҳуда макун...
230

Замоне таронаи ӯ – “Эй санам” муаррифгари миллати тоҷик шуда буд ва дар тамоми гӯшаҳои Шуравии паҳновар ҳар як ҳамдиёри Тоҷиддинро маҳз бо он мешинохтанду эътироф мекарданд.

Садои дилнишини ӯ солҳост, ки дармонбахши дардҳои мардум аст. Агар овозхони нотакрори Шарқ, Аҳмад Зоҳир пайвандгари фарҳанги мусиқии Шарқ ва Ғарб эътироф шуда бошад. дар Тоҷикистон ин пайроҳаи хунёгари мумтозро Тоҷиддини Муҳиддин идома дода, мактаби ҳунарии хешро поя гузоштааст ва имрӯз даҳҳо нафар, дилдодаи ин сабк бо як ҷаҳон орзу ва ихлос пой ба даргоҳи ҳунарии вай мениҳанд ва бо дуои нек сӯи фардо мераванд.

Тоҷиддин Муҳиддин 2 феврали соли 1949 дар деҳаи Mортеппаи ноҳияи Ҳисор, дар ғарби шаҳри Душанбе мутаваллид шудааст. Муҳити ҳунарии ҳавзаи Ҳисори Шодмон ин навҷавонӣ боистеъдодро дар оғӯши худ гирифта ва бо дуои устодони мусиқии шифоҳии тоҷик, Қорӣ Саиди Ҳисорӣ, Мулло Ҷалоли Танбӯрӣ, Азим Иброҳими Қаратоғӣ, Мулло Абдуҷаббори Танбӯрӣ, Иброҳими Қади ҷуйборӣ ва Ҳусайни Насриддин вориди дунёи пурасрор гардид.

Дарки амиқи мусиқӣ ва шунавоии зарбу усул ӯро кашон-кашон ба сӯи орзуҳо раҳнамун сохта ва дар синни 13 то 15 солагӣ таронаҳои «Фурӯғи гулшан» (шеър аз Ҳабибуллоҳ Назаров), «Шоми шамшоду қадам» (шеър аз Аминҷон Шукӯҳӣ), «Мустазод» (шеър аз Нақибхон Туғрал), «Ин чи шурест» (ғазал аз Ҳофизи Шерозӣ) ӯро миёни мардум шӯҳра сохт.

Соли 1965 Тоҷиддин баъд аз хатми мактаби деҳа ба бахши забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) ворид шуда, вале мушкилоти иқтисодӣ ва хонаводагӣ ӯро водор месозад, ки донишкадаро тарк кунад.

Тоҷиддин дар солҳои 1965 ва 1967 овозхони хонаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор ва солҳои 1967 то 1975 овозхони Филармонияи давлатии Тоҷикистон шуд ва дар он ҷо бо таронаҳои мардумии «Гул ба оби ҷӯй», «Насихатнома», «Модар», «Дар кӯи бутон» байни дустдорони ҳунар шинохта шуд. Вай он замон бештар аз овозхони маъруф ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Зафар Нозимов пайравӣ мекард.

Дар соли 1975 Тоҷиддин бо даъвати роҳбари бадеии Оркестри давлатии эстрадии "Гулшан"-и Кумитаи давлатии телевизион ва

радиошунавонии Тоҷикистон Орифшо Орифов (баъдтар бо ибтикори ӯ дар дастаи «Гулшан» ситорахои беғуруби чеҳраҳои ҳунарии мусиқии тоҷик Муқаддас Набиева, Махфират Ҳамроқулова, Хурмо Ширинова, Баҳодур Неъматов, Умар Зиёев, Далер Назаров, Кароматулло Қурбонов, Раҳима Шалоэр зери як осмони пурахтар гирди ҳам омада буданд), ба ин гурӯҳ пайваста, дар андак фурсат ба хондани таронаҳое шуруъ мекунад, ки ба ӯ шуҳрати беандоза меорад. Бахусус таронаи машҳури «Эй санам», ки имрӯз низ аз ҷониби намоёнтарин гурӯҳҳои ҳунарӣ суруда мешавад, гувоҳи он аст, ки садои неруманди Тоҷиддин ба само рафта ва қалби ҳаводоронашро тасхир кардааст.

Мавзуи сурудҳои Тоҷиддин гуногун буда ва ба шунаванда руҳу ҳаловат мебахшад. Таронаҳои «Ай гунаҳкарда», «Оқил бишав», «Макони дил», «Хушрӯз модарам», «Як ханда кун, эй гул», «Чу парвона», «Шаби ҳаҷр», «Ту гули нози ҳама», «Ба нуги панҷа меравӣ», «Маҳрами роз меояд», «Баҳори умр», «Сухан аз даҳонам афканад», «Фалак», «Тарки ёрӣ», «Коми дил», «Эй боди бомдодӣ», «Фироқи ёр», «Ҷони ширин» оҳангҳое буданд, ки Тоҷиддинро тоҷи ҳунари мусиқии тоҷик гардониданд.

Тоҷиддин Муҳиддин соли 1977 ба Лаҳистон ва соли 1981 ба Афғонистон ва Туркия, Покистону Эрон сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст. Ҳангоми ҳунарнамоияш дар Кобул ва пас аз шунидани садои дилнишини Тоҷиддин, Аҳмад Зоҳир гуфта буд: «Тоҷиддин дар ҷаҳони мусиқӣ ба дуриҳои дур мерасад, агар...» аз саҳнаи ҳунар дур нашавад.

Зимни сафари ҳунарӣ ба Эрон дар соли 1992 Тоҷиддин Муҳиддин бо сурудани чанд таронаи ирфонии худ Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ Раиси ҷумҳурии вақти Эронро мутаҳайир карда буд. Оқои Рафсанҷонӣ иброз дошт: «Зиҳӣ истеъдод ва ҳунаре, ки наметавон ба ивази чизе ба даст овард, ба ҷуз лутфи худовандӣ».

Нобасомониҳои рӯзгор Тоҷиддинро дар айни камолоти эҷодӣ бо марги тадриҷӣ аз миёни мо рабуд ва ӯ даҳҳо таронаву оҳангҳои

носурудаашро бо худ ба домони хок бурд.

Чархи рӯзгорро наметавон баргардонд, аммо бо гузашти даҳсолаҳо орзуҳо дар дил сабз шуданд ва Шабнаму Парвонаи Тоҷиддин, фарзандони Тоҷиддин Муҳиддин рӯи саҳна бо таронаҳои носурудаи падарашон гом ниҳоданд. Ҳангоме, ки Шабнаму Парвона суруд мехонанд, ба назар меояд, ки гӯё аз дуриҳо садои Тоҷиддин дар фазои ороми кишвар танинандоз мегардад:

Баъди ман гиряи беҳуда макун,

Бар мазорам

Бигзар ором аз канорам...

Фурқат САИДЗОДА, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД