Баъд аз ҳазрати Исо то ҳазрати Муҳаммад (с) ягон пайғамбар буд ё не? Агар паёмбаре дар ин давра нузул кардааст, исмаш чӣ буд?
Қулхоҷа, аз ш. Ваҳдат
Фосилаи байни зиндагии ҳазрати Исо алайҳисалом ва ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамагӣ 623 сол аст, ки дар ин миён паёмбари дигаре нузул накардааст. Аввалин пайғамбар Одам (а) ва охирин пайғамбар ҳазрати Муҳаммад (с) аст.
Дар Қуръони карим танҳо номи 25 нафар пайғамбар зикр шудааст. Дар ҳадисҳои набавӣ шумораи пайғамбарон тибқи як ривоят 124 ҳазор ва ба ривояти дигар 224 ҳазор баён гардидааст, ки аз инҳо 313 нафарашон расул ҳастанд. Вале беҳтар он аст, ки дар шумори пайғамбарон адади муайян зикр нашавад, зеро Худованд дар Қуръони маҷид мефармояд:
«Аз онҳо касе ҳаст, ки қиссаашро бар ту хондаем ва аз онҳо касе ҳаст, ки қиссаашро бар ту нахондаем». («Ғофир»; 78. “Хулосатул-масоил”, ҷ. 1, с. 11