Қарор буд, ки дирӯз паноҳандаи ироқӣ дар Стокголм дар назди сафоратхонаи Шветсия дар ин кишвар бори дуюм китоби муқаддаси "Қуръон" ва парчами Ироқро оташ занад. Вале эътирозгарони ироқӣ бо ин нақша мухолифат карда, дар Бағдод сафорати Шветсияро оташ заданд.
Хабаргузории "Фарнс-пресс" аз қавли як эътирозгар овардааст, ки онҳо мунтазири баромадани Офтоб нашуда, субҳи барвақт бинои сафоратро оташ заданд. Эътирозгарон бо бо пуштибонӣ аз "Қуръон" дар назди сафорат ба ҳам омада, бо суханҳои “Ё Аллоҳ, Ё Муҳаммад” садо баланд карданд ва бо ин хитоб ба сӯи бино оташпора партофтанд.
Тибқи иттилои ин манбаъ кормандони сафорат ба ҷои амн кучонида шуданд ва полиси Ироқ бо истифода аз калтакҳои электрикӣ ва об талош намуд, эътирозгаронро пароканда кунанд, вале гирдомадагон девори сафоратро шикаста, бинои онро сангборон карданд.
ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:
ҲУКУМАТИ ШВЕТСИЯ СӮЗОНИДАНИ "ҚУРЪОН" ДАР КИШВАРАШРО МАҲКУМ КАРД
Аз ин паноҳанда Салвон Момика ном бурда мешавад ва худи ӯ дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, ки мақомоти Шветсия ба баргузории ин ҳамоиш иҷозат додаанд. Аввалин бор ин шахс дар рӯзи Иди Қурбон китоби "Қуръон"-ро сӯзонид, ки дар кишварҳои мусалмонӣ эърозҳои зиёдеро дар пай дошт ва мардум ба кӯчаҳо бо нишони эътироз баромаданд.
Он замон Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии исломӣ аз номи кишварҳои узв ба ҳукумати Шветсия нома ирсол карда, масъалаи фиристодани як ҳайат ба Шветсия ва Комиссияи Иттиҳоди Аврупоро барои санҷиши далелҳо ва маҳкум кардани ҳодисаи сӯзонидани нусхаи китоби муқаддас баррасӣ намуда, баъди ҷаласа котиботи Созмон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ сафири Шветсия дар Подшоҳииро даъват карда, ба ӯ нотаи эътирозӣ ва қарори Котиботи СҲИ-ро додааст.
Баъди ин, давлати Шветсия сӯзондани нусхаи “Қуръон”-ро аз ҷониби як сокинаш дар назди Масҷиди марказии Стокҳолм маҳкум карда, ин ҳодисаро “амали зиддиисломӣ” хонд. Вазорати хориҷаи Шветсия дар баёнияе гуфта буд, ки ҳукумати Шветсия комилан дарк мекунад, ки амалҳои зиддиисломии афроди алоҳида дар Шветсия метавонад барои мусалмонон таҳқиромез бошад.
"Мо ин кирдорҳоеро, ки ба ҳеҷ ваҷҳ нуқтаи назари ҳукумати Швецияро инъикос намекунанд, қатъиян маҳкум мекунем", - гуфта буд он замон ВКХ Шветсия.
Лигаи ҷаҳонии мусалмонон низ аз тасмими Созмони ҳамкории исломӣ ва кишварҳои алоҳида изҳори хушнудӣ карда, ба ҳукумати Шветсия эътироз баён кард, вале баъди ҳамаи ин мавҷи эътирозҳо ҳукумати ин кишвар дубора иҷозат дод, то шаҳрвандаш китоби муқаддаси мусулмонҳоро оташ занад.