Содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан муноқиша ва авбошиҳои гурӯҳӣ аз ҷониби ноболиғону наврасон ва косташавии одобу ахлоқи онҳо яке аз масъалаи доғи ҷомеа ба шумор рафта, ҷиҳати пешгирии чунин ҳолатҳои нангин аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия пайваста вохуриву мулоқот ва чорабиниҳои мақсаднок гузаронида мешаванд.
Мутаассифона, наврасоне ҳастанд, ки ба ҷойи андӯхтани илму дониш тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҳамзамон ин амали ғайриқонунии худро ба навор гирифта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуда, бо чунин амали нангин гӯё бартарию қаҳрамонии худро нисбат ба дигар ҳамсолонашон ба намоиш мегузоранд. Аз ҷумла, дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия чор нафар ноболиғон дастгир карда шуданд, ки ҳамаи онҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шумор мераванд. Ҳамчун гумонбар ноболиғон:
Садулоев Фатҳулло Хайрулоевич, санаи таваллудаш 09.09.2006, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Р. Набиев, хонандаи синфи 11-и МТМУ №99,
Ҳабибулозода Сулаймон Мирзошо, санаи таваллудаш 25.10.2007, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи К.Хуҷандӣ, хонандаи соли якуми Литсейи техникӣ,
Мавлонназаров Интизор Гулмирзоевич, санаи таваллудаш 22.09.2007, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нахимова,
Қурбонов Эҳсон Шералиевич, санаи таваллудаш 05.02.2007, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ю. Вафо хонандаи синфи 10 МТМУ №50, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуданд.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда Садуллоев Фатҳулло ҳангоми дар кӯчаи Балъамӣ, назди майдончаи варзишӣ қарор доштан, бе ягон асос як ноболиғи ҳамсолашро бо мушту лагат ва чӯбдаст мавриди латукӯб қарор додааст. Ин ҳолатро дигар ҳамроҳонаш мушоҳида карда, барои содир намудани ин амали нангин ба номбурда мусоидат намудаанд.
Ҳамзамон ноболиғи дигар, шаҳрванд Ҳабибулозода Сулаймон ҳангоми дар кӯчаи А.Ҷомӣ қарор доштан як марди сархушро мавриди латукуб қарор додааст. Боиси таассуф аст, ки нобурдагон ҳамзамон ин амалҳои нангини худро ба навор гирифта, ҳамчун худнамоӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн кардаанд, ки ин амали нангину ноҷавонмардонаи онҳо боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади андешидани чораҳои таъсиррасони қонунӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад. Дар ин бора раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.