Ҷавони 17-солаи амрикоӣ дар миёни писарони навраси мӯйдароз бо кокулони 161-сантиметрааш ҷойи аввалро ишғол мекунад. Рубен Локс аз иёлоти Дакотаи Ҷанубӣ аз дусолагӣ мӯяшро қайчӣ назадааст.
Азбаски Рубен дар кӯдакӣ аз мошинаи сартарошӣ метарсид, волидонаш ба ӯ иҷозат доданд, ки мӯяшро дароз кунад. Вақте ба воя расид, мувофиқи анъанаи қабилааш мӯяшро дароз кардан гирифт.
Асосан Рубен мӯяшро мебофад, ҳар субҳ барои шустани сар 20 дақиқа сарф мекунаду барои хушконидану шона кардани мӯйҳояш боз 10 дақиқаи дигар.
Ба Рубен мӯйи дароз писанд аст ва ҳеҷ гоҳ нияти қайчӣ кардани онро надорад. Ягона нороҳатиеро, ки Рубен бо сабаби мӯйи дароз доштанаш эҳсос мекунад, ин ҳангоми дар дарҳои нақлиёт ва кабинаҳои саршӯӣ дармондани кокулонаш аст.