Formula novemver 2024
"Бачаи кампир" ба маҳбас рафт
2435

 

Суди шаҳри Душанбе дирӯз ҳукми Муқим Қурбоновро ҳамроҳи дигар шариконаш баровард

Тибқи иттилои сомонаи Суди пойтахт Қурбонов Муқим, сокини шаҳри Норак, ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Кибил ҳамчун роҳбари гуруҳи ҷиноӣ, дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳгор дониста шуда, барои 20 сол вориди маҳбас шуд.

Дигар аъзои гуруҳ Назиров Сироҷ - 17 сол, Назиров Руҳангез - 20 сол ва Салимдодов Шамсутдин - 16 сол, Латифов Зоир - 17 сол, Боронов Ҳикматулло - 20 сол, Қаландаров Доваршо - 15 сол зиндонӣ гардиданд. Ба иттилои сомона ду нафар аз маҳкумшудаҳо - Назиров Руҳангези 31 сола ва Боронов Ҳикматуллои 45-сола қаблан ҳабс шуда, тибқи қонуни авф озод шудаанд. 

Қурбонов Муқим, роҳбари гуруҳ бошад, ду маротиба бо гуноҳии фурӯши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Русия маҳбасӣ шудааст.

Қаблан мақомот хабар дода буд, ки ин гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ аввали моҳи апрел аз тарафи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе боздошт шуда, аз онҳо ба миқдори 70 киллограмм маводи мухадддир мусодира гардид.

Ба гуфти Раёсати ВКД дар пойтахт дастгиршудагон чун ҳалқаҳои ҷиноятӣ бо ҳамдигар алоқа дошта, маводи нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, сипас ба кишварҳои дигар мефиристанд.

Дар матни иттилоия гуфта шудааст, ки гурӯҳи муташаккил таҳти роҳбарии Қурбонов Муқим, ки дар байни гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бо тахаллусҳои "Муқимча" ва "Бачаи кампир" маъруф аст, фаъолияти ҷиноятӣ менамуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД