Ман дар оилаи сарватманд ба дунё омадаам. Дар оилаамон байни шаш писар духтари ягона ҳастам, аз ҳамин сабаб падару модарам маро эрка карда, намегузоштанд, ки хоре ба поям халад. Аммо мани содда ба Саидҷон ном ҷавони камбағал ошиқ шудам.
Вақте ки ошиқам ба хонаи мо хостгор фиристод, волидонам розӣ нашуданд, зеро онҳо мехостанд, ки хонда, дипломамро гираму баъд ба шавҳар бароям, аммо ишқ чашмони маро кӯр карда буд ва мани эрка ду поямро ба як мӯза андохтам, ки Саидҷонро дӯст медорам. Падарам ноилоҷ розӣ шуд ва ҳамин тавр маро ба дӯстдоштаам фотиҳа карданд.
Азбаски падару модари Саидҷон тамоман камбағал буданд, падарам тӯйро аз ҳисоби худашон гузарониданд, то ки ман - духтари ягонаашон хурсанд ва хушбахт шавам, аммо...
Вақте дар назди хешу ақрабои шавҳарам ҷиҳози арӯсии маро рӯи чодари арӯсиям намоиш доданд даҳони онҳо воз монд.
Гумон доштам, ки Саидҷон маро рӯйи даст бардошта мегардад, аммо хаёлам хом баромад. Дастгириҳои волидонам шавҳари маро тамоман аз кӯчаи одамгарӣ бароварда, тайёрхӯр карда монд. Вақте фарзанддор шудем, шавҳарам ошкоро гуфт, ки модаратро гӯй, ки пули роддомро диҳад. Уребча ва ширу либосвории кӯдакамро низ модарам таъмин мекард. Шавҳарам барои фарзандаш ҳатто як наскӣ намехарид.
Рафта-рафта рафтори шавҳарам ва хонаводаи тайёрхӯрашон ҷонамро ба лабам расонд. Саидҷон заррае парвоӣ ману кӯдакамро надорад. Кораш фақат хобидану хӯрдан шуда мондааст. Чаро дар ягон ҷо кор намекунед гӯям, бешармона мегӯяд, ки ту бойдухтарро барои чӣ гирифтам?! Ин чӣ хел зиндагӣ аст, охир то ба кай модарам хонаводаи шавҳари маро мехӯронад?! Камбағалро нон дода, ганда карда мондем.
Хонандагони азиз! Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Аз шавҳарам ҷудо шавам ё зиндагиамро идома диҳам?
З. А.