Бепарвоии падару модарон дар тарбияи фарзанд, аз назорат дур мондани ноболиғон ва косташавии ахлоқи насли наврас боиси сол то сол бештар шудани ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон мегардад. Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти боз як бачаи ноболиғ бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ хабар додааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як бачаи ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ ба даст афтидааст. Номбурда шаби 13 ба 14-уми июни соли 2022, тахминан соати 04:00 бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», ки ба як ҷавонмарди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, 9 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса бо қисми 2-и моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти ин қазия идома дорад.