Волидон фарзандашонро бо тамоми шароит таъмин намуданд, то ки ӯ аз ягон чиз танқисӣ накашад. Истеъмоли аз андоза зиёди Ария вазни ӯро дар синни 10 солагӣ ба 192 килограм расонид.
Ӯ ҳар рӯз 5 маротиба ғизо мехӯрд. Миқдори як дафъаина хӯроки мехӯдаи ӯро 3 одами калон истеъмол мекарданд. Танҳо дар як сол ин кӯдак 100 килограм вазн гирифтааст.
Ария бо сабаби аз ҳад фарбеҳ шуданаш аз роҳгардӣ тамоман монда, дигар ба мактаб рафта натавонист. Табибон ба влидони бача маслиҳат доданд, ки ҳатман ӯро ҷарроҳӣ намоянд, чунки дар акси ҳл ба кӯдак хатари марг таҳдид менамуд.
Ҷарроҳӣ хеле мушкилу хатарнок буда, беш аз 5 соат идома ёфт, вале табибон натавонистанд тамоми чарбӯҳои зиёдатии бадани Арияро бурида партоянд.
Баъди аз беморхона ҷавоб шудан бо маслиҳати табибон Ария ба парҳез риоя намуда, бо варзиш машғул гашт ва тавонист дар муддати як моҳ 30 кг ва дар як сол 108 кг хароб шавад.
Акнун Ария ҳамагӣ 4-5 қошуқ биринҷи ҷӯшонидашуда мехӯрад. Вай ҳар рӯз ҳамроҳи тағояш 2-3 киломерт давида, ҳамроҳи ҷӯраҳояш футболбозӣ ҳам мекунад.
Айни замон вазни Ария 84 кг аст ва ӯ мехоҳад боз 8 килограми дигар хароб шавад. Вай ҳеҷ бовар надошт, ки рӯзе аз вазни зиёдатӣ халос мешавда ва аз касоне, ки дар ин роҳ кӯмакаш карданд, миннатдор аст.