Sebiston new 2024 october
Бача доштанатро фаромӯш кун, оча!
3912

Як рӯз аз шаҳри Бохтар ба шаҳри Хуҷанд сафар доштам. Дар таксӣ ба ғайр аз ман боз чанд нафари дигар низ буданд.

Роҳораҳ яке аз ҳамсафаронам, ки зани солхӯрдаи ҷафокашидае будааст, қиссаи зиндагиашро нақл кард. Сарнавишти зан он қадар аламнк будааст, ки бо шуниданаш дилам аз оламу одам ях барин хунук шуда, ба хулосае омадам, ки дар ин дунё дигар заррае меҳр намондааст ва ҳатто фарзанд ба модаре, ки ӯро бо азобҳои алим ба дунё овардаву бо хуни ҷигар парвардааст, раҳму инсоф надорад. Сарнавишти талхи ин занро ба он хотир аз забони худаш рӯйи коғаз овардам, ки ба дигарон дарси ибрат гардад ва ба қадри модар бирасанд...

Ятимдухтар


Модарро фариштаи муҳаббат мегӯянд, вале ман ч будани меҳру муҳаббати модарро намедонам, зеро ҳатто рӯйи модарам дар ёдам нест. Вақте ки модарам аз дунё мегузарад, ман ҳанӯз хеле хурд будам ва дарк карда наметавонистам, ки баъди сари модар чи рӯзҳои сахте ба сарам хоҳанд омад. Хулласи калом модарам ба касалиисаратон гирифтор шуда ҷавнмарг шудааст. Падари бечораам ба хтири он ки ман, духтари яккаву ягонаи нозпарвардаш пеши пойи мондар хору зор нашавам, дубора хонадор нашудааст. Ҳамроҳи падарам дар як хоначаи хеле хурд зиндагӣ мекардем. Ростӣ, мо зиндагии шоҳона надоштем, вале падарам кӯшиш мекард, ки мани ятимча бемодар буданамро эҳсос накунам. Падарам ҷавониашро қурбони фарзанд карда буд ва худаш нахӯрда нони даҳнашро ба даҳони ман мемонду худаш напӯшида, маро мепӯшонд ва ҳамин авр бо заҳматҳои зиёд маро калон карда, ба воя расонд, аммо...


Камбағалӣ дарди сатхт аст


Мехостам ман ҳам баъди хатми мактаби миёна ба ягон днишгҳ ё днишкада дохил шуда, соҳиби касбу ҳунар гардам ва одаби бо обрӯю номдор шавам, вале падари бечораам аробаи зиндагиро базӯр кашола мекарду тамоман шароити маро хонондан надошт. Аз ҳамин хотир вақте ки хстгорон дари хонаамонро кӯфтанд, дарҳл розигӣ дд, то ки ба зиндагиаш маро хонабод намуда, қарзи падариашро ба ҷо биёрад. Азбаски ба ғайр аз падар дигар ҳеҷ кас надоштам ва падарам ба хотири ман шуда, умри ҷавнашро хазон крада буд, дили ӯро озор додан нахоста ба тӯй розигӣ додам, ҳарчанд домодро ягон бор надида будам ва чи гуна инсон буданашро намедонистам. Мани бе модар ба хотири падарам ҳарчи бодо бод гӯём, тан ба тақдир дода аз паси омодагӣ ба тӯй шудам...

Хандаи бахт


Ман мисли дигар арӯсакон нозу бозор карда “ба ман зару зевари бисёр харед ва ҷиҳози қиматбаҳо бигиред” гуфта наметавонистам, зеро медонистам, ки падари камбағалам чунин имконият надорад, аз ҳамин хотир ҳарчи ки падарам “қудрат ба тавоноӣ” гӯён, харида буд, бо мамнуният қабул карда, дастонашро бӯсидам ва дуо талбидам. Падарам чашмони пуроб ба ман ду дод ва либоси сафеди арӯсӣ дар бар зери навои мусиқӣ дар бари домди ҷавну зебо ба хонаи бахтам равон шудам. Раҳораҳ дар дил худро зорӣ карда мегуфтам, ки худоҷон, маро бармаҳал аз меҳри модар маҳрум намудӣ, вале иноят намо, ки дар зиндагии оилавӣ хушбахт шуда, дигар рӯйи ғаму дардро набинам.


Ишқи бачаи камбағал


Шавҳарам аз оилаи сарватманд набошад ҳам, бачаи хуб буд ва маро дӯст медошту эҳтиёт мекард. Азбаски худам аз оилаи камбағал будам, ба каму кости зиндагӣ тоқат карда, шавҳарамро мудом дилдорӣ медодам, ки зиқ нашавад, пулу мол ин чирки даст аст, муҳимаш мо ҳамдигарро дӯст медорем ва ҳурмату эҳтиром мекунем. Ҳамин тавр ҳамдилӣ моро ба ҳамдигар бисёр наздик гардонида, тоқати як лаҳза аз якдигар дур буданро надоштем, вале...


Шодии ба ғам олуда

Ҳамин тавр мисли ширу шакар ширин зиндагӣ карда, дар бадали 3 сол мо соҳиби ду фарзанд гаштем. Шавҳарам аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, ки соҳиби ду бача шудааст, вале баъди чанд вақт маълум шуд, ки писари дуюмамон маъюб аст. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ҳанӯз аз ин зарбаи тайдир ба худ наомада, шавҳарам якбора сахт бемор шуд. Вақте ки ӯро ба беморхна бурдем, табибон баъди муоина гуфтанд, ки ба бемории саратон гирифтор шуда, аз умраш рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд. Ҳарчанд зориву тавалло намудем, қабул накарда гуфтанд, ки мо аллакай дер кардаем ва дигар дар беморхона табобат гирифтанаш ягон фоида намерасонад, зеро беморӣ аллакай дар тамоми вуҷудаш реша давондааст ва аз дасти табибон ҳеҷ кор намеояд.
Хулласи калом, умедамонро канда шавҳарамро б хона овардем. Дар ҳақиқмат ҳамагӣ се рӯз пас падари фарзандонам аз олам чашм пӯшида, маро бо ду кӯдаки хурдсол дар миёни чорсӯйи зиндагӣ танҳову зор монда рафт...


Исёни хушдоман


Мани берӯзӣ шавҳарам аз даст дда барои бахти забунгаштаам хун мегиристам, вале модаршӯям ба ҷойи он ки дилбардрӣ кунад, дар марги писараш маро гунаҳкор намуда, рӯзи дароз талху киноя мезад. Хомӯшона ба ҳарфҳои нешдори хушдоманам гӯш дода, худро ба карӣ мезадам, зеро гумон доштам, ки кампир ин суханонро дар сари қаҳру алам ва сӯзу гудози дилаш ба забон оварда истоджааст ва дардаш каме сабуктар шавад, аз гуфтаҳояш пушаймон хоҳад гашт, вале хаёлам хом баромад.
Пас аз гузаронидани маъракаи ҳафти шавҳарам хушдоманам дар назди хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо қиёматро қоим карда “Писарамро ту куштӣ! Рав, гум шав, дигар дар хонаи ман барои ту ва фарзандонат ҷой нест. Сағераҳои касалманду маъюбатро ҳам бар, бечора писарам аз ғамиҳамин бачаҳои ислиқии ту ҷавонмарг шуд” гӯён, маро тела зада аз хона берун кард.
Ростӣ, намеднам дар марги шавҳарам ман чи гуноҳ доштам, ки хушдоманам чунин муносибати таҳқиромезро ба ману бачаҳоям раво дид, вале дигар дар он хона мондани мо имкон надошт....
(Давом дорад)
Раҳима Охунлаълова

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД